< Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд

Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
​Бо саҳми соҳибкори ватандӯст, сокини деҳаи Миндонаи деҳоти Ёрӣ бо харҷи беш аз 2 миллион сомонӣ 2,1 километр роҳи деҳа мумфарш гардид.  Дар ду канори ин  роҳ ҷӯй ва аз зери он 12 ҷӯйи обгузар сохтанд. Ҳоло бошад барои мумфарш намудани боз ду километр роҳи дохили деҳа омодагӣ мегиранд. Ҳамчунин  сокини деҳа Баҳодур Қурбонов ва ҳамсараш 40 ҳазор сомонии барои ҳаҷи умра захиракардаашонро барои ободонии роҳ тақдим карданд.

Инчунин дар деҳоти Лоиқ Шералӣ дар маҷмӯъ 41 километр роҳҳои маҳаллӣ ва кӯчаҳо бо дастгирии соҳибкорону сокинон мумфарш гардиданд.
Ҳамчунин бо дастгирии муассисаи истифодаи роҳҳои автомобилгард ва аҳолӣ 110 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру қумпӯш карда шудааст, таъмиру навсозӣ дар шаҳр  идома дорад.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий