< Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
​Дар маросими тантанавӣ Раиси комиссияи озмун, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» таҳти назорат ва сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайванди илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён, магистрантону докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD), ходимони илмӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо гузаронида мешавад.

Озмун аз рӯйи ҳашт номинатсия — математика, физика ва астрономия, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ — дар чор давр баргузор гардида, дар даври сеюми он 4 ҳазору 482 довталаб иштирок намуда, аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбаст 697 ғолиб ба даври чоруми озмун роҳхат гирифтанд. Ғолибони озмун аз рӯи номинатсияҳо пешниҳод мегардад.
Номинатсияи математика (арифметика, алгебра, геометрия)

Гурӯҳи якум — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ
Дар ин номинатсия хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Абдулқодир Азизода сазовори ҷойи якум, хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 49-и ноҳияи Рӯдакӣ Раҳматулло Бобоназарзода соҳиби ҷойи дуюм, хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 51-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Билолиддин Шарипов сазовори ҷойи сеюм, хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Юсуф Сангинов соҳиби ҷойи сеюм гариданд.

Номинатсияи математика (арифметика, алгебра, геометрия)
Гурӯҳи дуюм — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо, муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ)

Дар номинатсияи мазкур хонандаи синфи 9-и Муассисаи таълимии давлатии Литсей-интернати тоҷикӣ-русии «Ҳотам Абдуфаттоҳ» дар шаҳри Ҳисор Амир Шаропов соҳиби ҷойи дуюм, хонандаи синфи 10-и Муассисаи таълимии давлатии «Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон» Дилафрӯз Назарзода ҷойи дуюм, хонандаи синфи 9-и Муассисаи таълимии давлатии Литсей-интернати тоҷикӣ-русии «Ҳотам Абдуфаттоҳ» дар шаҳри Ҳисор Хусрав Абдуллаев ҷойи сеюм, хонандаи синфи 10-и Муассисаи таълимии давлатии Литсей-интернати тоҷикӣ-русии «Ҳотам Абдуфаттоҳ» дар шаҳри Ҳисор Ашраф Аброров ҷойи сеюм ва хонандаи синфи 9-и Муассисаи таълимии давлатии Литсей-интернати тоҷикӣ-русии «Ҳотам Абдуфаттоҳ» дар шаҳри Ҳисор Имран Ҳамидов сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Номинатсияи математика (арифметика, алгебра, геометрия)

Гурӯҳи сеюм — донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
Дар ин номинатсия донишҷӯи курси 3-и МД «Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ"-и МД «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» Акмалҷон Қараев ҷойи дуюм, донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Умар Сафаров соҳиби ҷойи дуюм, донишҷӯи курси 2-и Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Суҳроб Давлатов соҳиби ҷойи сеюм, донишҷӯи курси 3-и Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Ҷовид Тошматов сазовори ҷойи сеюм гардид.

Номинатсияи физика ва астрономия

Гурӯҳи якум — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ
Дар номинатсияи мазкур хонандаи синфи 9-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 100-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Зулфия Қурбонзода сазовори ҷойи якум гардид. Хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 18-и ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сулҳидин Раҷабов соҳиби ҷойи сеюм, хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 17-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Яздон Гадоев савзовори чойи сеюм, хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 12 –и ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Муҳаммад Ҳаётзода ҷойи сеюм, хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 21-и ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд Дурбек Маҳмудҷонов ҷойи сеюм ва хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 58 ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Марям Ҳаётова соҳиби ҷойи сеюм шуданд.

Номинатсияи физика ва астрономия

Гурӯҳи дуюм — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав
(литсейҳо, гимназияҳо, муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ)
Хонандаи синфи 10-и Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон» Афшин Абдувоҳидов сазовори ҷойи якум гардид. Хонандаи синфи 11-и Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд» Анварҷон Каримов соҳиби ҷойи дуюм, хонандаи синфи 9-и Филиали муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии хусусии литсей-интернати тоҷикӣ-русии «Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Ваҳдат Асадулло Иноятов соҳиби ҷойи дуюм, хонандаи синфи 10-и Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Империяи Дониш» дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Даниил Умаров ҷойи сеюм, хонандаи синфи 9-и Муассисаи таълимии хусусии литсей-интернати тоҷикӣ-русии «Ҳотам ва ПВ» дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Саидҷон Наимов сазовори ҷойи сеюм ва хонандаи синфи 10-и Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд» Абдураҳим Абдураҳимов сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Номинатсияи химия

Гурӯҳи якум — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ
Дар номинатсияи мазкур хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 76-и дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Ашуров Гелоншоҳ Мустафо сазвори ҷойи дуюм, хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 56-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Юсуф Қурбонов соҳиби ҷойи сеюм, хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5-и ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Мусамир Ёров ҷойи сеюм ва хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2 дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Сурайё Бобокалонзода сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Номинатсияи химия

Гурӯҳи дуюм — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав
(литсейҳо, гимназияҳо, муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ)
Дар ин номинатсия хонандаи синфи 10-и Муассисаи таълимии давлатии Литсей-интернати тоҷикӣ-русии «Ҳотам Абдуфаттоҳ» дар шаҳри Ҳисор Абдулло Бойзода соҳиби ҷойи якум, хонандаи синфи 9-и Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон» Муниса Туманова соҳиби ҷойи дуюм, хонандаи синфи 10-и Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии гимназияи № 74-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Моҳинур Бозорбоева соҳиби ҷойи дуюм шуданд. Инчунин хонандаи синф 11-и Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии «Мактаби хусусии О. Ҷӯраев"-и шаҳри Конибодом Мадина Акрамова соҳиби ҷойи сеюм, хонандаи синфи 10-и литсейи № 1-и ноҳияи Фархори вилояти Хатлон Мустафо Зафарзод ҷойи сеюм ва хонандаи синфи 10-и Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор» Юсуфҷон Дониёрзода сазовори ҷойҳои сеюм шуданд.
Номинатсияи химия

Гурӯҳи сеюм — донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
Дар ин номинатсия донишҷӯи курси 4-уми Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон Насибулло Ҳасанов, донишҷӯи курси 2-юми Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Фаррух Ашурмадов ва донишҷӯи курси 3-юми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Муродалӣ Бухориев сазовори ҷойҳои сеюм шуданд.

Номинатсияи биология (ботаника, зоология, анатомия)

Гурӯҳи якум — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ
Дар ин номинатсия хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 40-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Нигора Мирзомаҳмадиева соҳиби ҷойи дуюм, хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5-и шаҳри Ваҳдат Самиябону Холова сазовори ҷойи дуюм, хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 55-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муҳаммадҷон Пирматов ҷойи сеюм, хонандаи синфи 9-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 –и ноҳияи Восеи вилояти Хатлон Фирӯза Юсупова ҷойи сеюм ва хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 56-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Бедил Салимзода соҳиби ҷойи сеюм шуданд.

Номинатсияи биология (ботаника, зоология, анатомия)

Гурӯҳи дуюм — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав
(литсейҳо, гимназияҳо, муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ)
Хонандаи синфи 9-и Муассисаи таълимии давлатии «Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон» Умар Саидов ва хонандаи синфи 11-и Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Ҳисор Сумайя Мирзонаботова Бахтиёровна дар ин номинатсия соҳиби ҷойҳои дуюм гардиданд.
Хонандаи синфи 11-и Муассисаи таълимии давлатии Литсей давлатии № 1 дар шаҳри Бохтари вилотяи Хатлон Муҳамадҷон Юсупов, хонандаи синфи 11-и Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи № 2 барои хонандагони болаёқат"-и шаҳри ДушанбеБибиойша Абдуллоева, хонандаи синфи 9-и Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Самиаллоҳ Носиров сазовори ҷойҳои сеюм гардиданд.
Номинатсияи биология (ботаника, зоология, анатомия)
Гурӯҳи сеюм — донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
Донишҷӯи курси 5-уми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шӯҳратулло Фатхуллоев ва донишҷӯи курси 6-уми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Диловар Улуқов сазовори ҷойи дуюм дар ин номинатсия гардиданд.
Донишҷӯи курси 3-юми Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент Меҳрона Истамзода, донишҷӯи курси 5-уми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Диёрбек Абдуллоев, донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Мадина Солиева ҷойҳои сеюмро ба даст оварданд.

Номинатсияи география

Гурӯҳи якум — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ
Дар ин номинатсия хонандаи синфи 7-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 112-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Сулаймон Рӯзиев сазовори ҷойи якум гардид. Хонандаи синфи 7-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Оишабону Сафарова ва хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 80-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Гулнора Неъматуллоева соҳиби ҷоййҳои дуюм гардиданд. Инчунин хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4 –и дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон Ҳайдар Шарифов, хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Солеҳҷон Сироҷиддинзода, хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд Ҷасмина Шерназарова соҳиби ҷойҳои сеюм шуданд.

Номинатсияи география

Гурӯҳи дуюм — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав
(литсейҳо, гимназияҳо, муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ)
Хонандаи синфи 9-и Муассисаи таълимии давлатии «Гимназияи № 2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» Маҳваш Шарифова сазовори ҷойи якум гардид.

Хонандаи синфи 10-и Муассисаи таълимии давлатии махсусгардонидашудаи хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Хадича Шамсиева ва хонандаи синфи 9-и Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби П.Пӯлотов» шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Нозанин Ҳомиджонзода соҳиби ҷойи дуюм шуданд.

Хонандаи синфи 10-и Муассисаи таълимии давлатии «Гимназияи № 4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» Абдуғаффори Бахтиёри Искандарзода, хонандаи синфи 11-и Литсейи тамоюли техникии ба номи «Афлотун» дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сафармуҳаммад Пирназарзода соҳиби ҷойи дуюм гардиданд. Хонандаи синфи 10-и Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи инноватсия ва технологияҳои рақамии № 1» шаҳри Душанбе Аъзамҷон Шоев сазовори ҷойи сеюм шуданд.
Номинатсияи география
Гурӯҳи сеюм — донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ

Донишҷӯи курси 4-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Хайём Нуриддинов соҳиби ҷойи якум дар ин номинатсия шуд

Донишҷӯи курси 1-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Муҳамад Азизов ва донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Табассум Мукарамова соҳиби ҷойи дуюм шуданд. Донишҷӯи курси 4-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Алиҷон Мунавваршозода Муқбил, донишҷӯи курси 5-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Ҳоҷиакбар Алиев ва Шарифҷон Кенҷаев донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соҳиби ҷойи сеюм шуданд.

Номинатсияи технологияи иттилоотӣ

Гурӯҳи якум — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ
Хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 21 –и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Ясин Каримов соҳиби ҷойи якум дар ин номинатсия гардид. Хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и ба номи Маҳастии Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд Анварҷон Тошматов ва хонандаи синфи 8-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии тоҷикӣ-русӣ бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида ба номи А. П. Чехов шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Салоҳиддин Эргашев сазвори ҷойҳои дуюм шуданд.

Хонандаи синфи 7-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4 –и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Муҳаммадалӣ Кенҷаев, хонандаи синфи 8-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии тоҷикӣ-русӣ бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида ба номи А. П. Чехов шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Флоренсия Раҳматова сазовори ҷойи сеюм шуданд.

Номинатсияи технологияи иттилоотӣ

Гурӯҳи дуюм — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав
(литсейҳо, гимназияҳо, муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ)
Хонандаи синфи 9-и Муассисаи таълимии давлатии «Литсейи физикӣ-математикии № 1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ» дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Муҳаммадхон Олимов соҳиби ҷойи чкум дар номинатсияи мазкур гардид. Хонандаи синфи 10-и Муассисаи таълимии хусусии «Литсейи инноватсионии Ҷавонӣ» дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Абдуҳаким Разоқзода ва хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Мактаби байналмилалии Контакт» дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд Хусрав Каримов сазовори ҷойҳои дуюм шуданд. Хонандаи синфи 9-и Муассисаи таълимии давлатии Литсей-интернати тоҷикӣ-русии «Ҳотам Абдуфаттоҳ» дар шаҳри Ҳисор Саидаҳмад Шукруллоев, хонандаи синфи 10-и Муассисаи таълимии хусусии «Литсейи Адолат» дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Дадабоев Мансурҷон, хонандаи синфи 10-и Муассисаи таълимии хусусии литсей-интернати тоҷикӣ-русии «Ҳотам ва ПВ» дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Юсуф Сангинов соҳиби ҷойҳои сеюм шуданд.

Номинатсияи зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ

Гурӯҳи якум — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ
Хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 17 –и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Юсуф Давлатёров соҳиби ҷойи якум гардид. Хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти умумии тоҷикӣ-русии «Мактаби миёна бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида ба номи А. П. Чехов» дар шаҳри Хуҷанд Иброгимов Мирзомуҳаммад ва Умар Мирзоев хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 72 –и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сазвори ҷойҳои дуюм шуданд.
Хонандаи синфи 9-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7 –и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Шоҳҷаҳон Юлдошев, хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 12-и шаҳри Хуҷанд вилояти Суғд Мирзоумархон Атаев ва хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 29 –и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Азимҷон Раупов соҳиби ҷойҳои сеюм шуданд.

Номинатсияи зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ

Гурӯҳи дуюм — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав

(литсейҳо, гимназияҳо, муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ)

Хонандаи синфи 9-и Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон» Фарангис Ҳаитова соҳиби ҷойи якум дар ин номинатсия гардид. Хонандаи синфи 9-и Литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Музаффархон Раҳматов ва хонандаи синфи 10-и Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон"Мухамадиева Латифа соҳиби ҷойҳои дуюм шуданд.
Хонандаи синфи 10-и Литсейи давлатии № 1 шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Руқия Шамсзода, хонандаи синфи 11-и Муассисаи таълимии давлатии «Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон» Муродҷон Хайраков ва хонандаи синфи 11-и Муассисаи таълимии давлатии махсусгардонидашудаи хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Меҳроҷ Рабиев сазовори ҷойи сеюм шуданд.

Номинатсияи зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ

Гурӯҳи сеюм — донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ

Донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Абдуллозода Саъдулло Ҳусейн сазовори ҷоййи якум гардид. Донишҷӯи курси 4-и Донишгоҳи давлатии Данғара Муҳаммадҷони Илҳомҷон ва донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Шаҳром Шоймардонов соҳиби ҷойҳои дуюм шуданд.

Донишҷӯи курси 1-и МД «Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ"-и МД «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» Самариддин Зуҳуров, донишҷӯи курси 2-и Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Абдуллоев Умаралӣ, донишҷӯи курси 1-и Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе Абдураҳмон Раҳимов соҳиби ҷойҳои сеюм шуданд.

Номинатсияи зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ

Гурӯҳи чорум — ходимони илмӣ, аспирантону докторантон, докторантон аз рӯйи ихтисос, докторантони ҳабилитат ва унвонҷӯён, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони касбу кори гуногун

Омӯзгори Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан дар вилояти Суғд Диловар Махкамов сазовори ҷойи якум гардид. Омӯзгори Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон Вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб Алӣ Қурбонзода ва сармутахассиси Маркази таҳлил, иттилоот ва технологияҳои рақамии назди шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Равшан Воситов соҳиби ҷойҳои дуюм шуданд. Докторант PhD-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Шамсуддинҷон Саидов, мутахассиси пешбари маркази рақамикунонии раванди таълими Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Раҳматҷон Яздонзода, унвонҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Зафар Муродзода соҳиби ҷойҳои сеюм шуданд.
Номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ

Гурӯҳи якум — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ

Хонандаи синфи 9-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 30-и ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон Фариза Исоева сазовори ҷойи якум дар ин номинатсия гардид. Хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 37 –и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Шукрона Домуллоҷонова ва хонандаи синфи 7-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 21-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Парвиз Раҷабов соҳиби ҷойҳои дуюм шуданд. Хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 22-и шаҳри Ҳисор Сумая Ашурова, хонандаи синфи 8-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 –и ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Рашидин Аматов ва хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 86-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Робияҷон Юсуфова соҳиби ҷойҳои сеюм шуданд.

Номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ

Гурӯҳи дуюм — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав
(литсейҳо, гимназияҳо, муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ)
Хонандаи синфи 10-и Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои кӯдакони лаёқатманд дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон» Алӣ Саидзода соҳиби ҷойи якум гардид.

Хонандаи синфи 11-и Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби П.Пӯлотов"-и шаҳри Хуҷанд Вилояти Суғд Камила Олимова ва хонандаи синфи 7-и Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи инноватсионии Душанбе"-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Аҳмадҷон Зиёдалиев соҳиби ҷойҳои дуюм шуданд. Хонандаи синфи 10-и Муассисаи давлатии таълимии Литсейи № 4 дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд Абдулазиз Қаҳоров, хонандаи синфи 7-и Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби хусусии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ» ба номи Аббос Алиев дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Ҳотамӣ Нармин ва хонандаи синфи 9-и Муассисаи таълимии Литсейи № 1 ба номи Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Алиҷон Раҳматов ҷойҳои сеюмро ба даст оварданд.

Номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ

Гурӯҳи сеюм — донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ

Донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Наврӯзшоҳ Камолзода соҳиби ҷойи якум гардид.
Донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Меҳрон Халилов ва донишҷӯи курси 2-и Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Нозанинхон Ҷӯраева соҳиби ҷоййҳои дуюм шуданд. Донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Тоҷиддин Самадов, донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Дилшодҷони Шомурод, донишҷӯи курси 2-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Тӯрахон Бобоҷонов соҳиби ҷойҳои сеюм шуданд.

Номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ

Гурӯҳи чорум — ходимони илмӣ, аспирантону докторантон, докторантон аз рӯйи ихтисос, докторантони ҳабилитат ва унвонҷӯён, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони касбу кори гуногун
аспиранти кафедраи бемориҳои ҷарроҳии № 1 Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» Суннатулло Шарифзода сазовори ҷойи якум дар ин номинатсия гардид. Декани факултети механиконии кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Шамсулло Мирзозода ва мудири бахши мубодилаи академии донишҷӯёну омӯзгорони идораи равобити хориҷии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Шуҳратҷон Назаров сазовори ҷойҳои дуюм шуданд. Омӯзгори калони кафедраи барқикунонӣ ва автоматикунонӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Фазлиддин Туразода, муовини якуми ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Даврон Музаффарзода ва мушовир оид ба гидроэлектростансияҳои хурди ширкати «Помир Энерҷӣ» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодӣ Саидшоев соҳиби ҷойҳои сеюм шуданд.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий