“Касе осеб надидааст…” Мақомот тасодуф дар НБО “Роғун”-ро шарҳ доданд
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон сабаби тасодуф дар яке аз нақбҳои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии (НБО) «Роғун"-ро шарҳ дод. Ин ниҳод гуфт, сабаби ҳодиса, канда шудани яке аз ҳавзҳо ҷамъоварии «оби техникӣ» буда, дар ин ҳодиса касе осеб надидааст.
Ин ниҳод имрӯз, 28-уми октбяр дар як посухи хаттӣ ба «Азия-Плюс» гуфтанд, ки ҳодиса рӯзи 21-уми октябр, тахминан соати 16:15 дар нақби сохтмонии қабати чорум, шохаи «Б"-и нерӯгоҳ, ҳангоми корҳои сементрезӣ рух дода, дар натиҷаи канда шудани ҳавз, оби он ба сару рӯйи кормандон рехт.
"
Тибқи маълумоти расмӣ, дар ин қисмати нақб, ду ҳавзи ҷамъоварии об мавҷуд аст, ки дар натиҷаи канда шудани ҳавзи болоӣ, ҳавзи поёнии обкашӣ низ зарар дидааст. Дар пайи ин, оби ду ҳавз якбора ба қисмати поёнии нақб, ки кормандон ҳузур доштанд, ҷорӣ шудааст.
Ба қавли ин ниҳод дар пайи ин ҳодиса, коркунони нерӯгоҳ осеби ҷисмонӣ набардоштаанд ва ба онҳо ёрии аввалияи тиббӣ расонида шуда, ба кор баргаштаанд.
Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо такя ба манбаъҳои худ навишт, ки дар пайи ин ҳодиса беш аз панҷ корманди нерӯгоҳ осеб бардоштаанд.
Мехоҳед «Азия-Плюс"-ро дар Google бештар бинед? Моро ба манбаъҳои афзалиятнок илова кунед.
Аз ин ниҳод гуфтанд, ки барои муайян кардани сабабҳо ва пешгирии чунин ҳодисаҳо, гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст. Ба гуфтаи манбаъ, муттахассисон ҳолати техникии ҳавзҳои ҷамъоварии об, устувории мехсутунҳо ва риояи талаботи бехатариро дар маконҳои корҳои истеҳсолӣ меомӯзанд.
Бояд гуфт, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар корхонаҳои саноатӣ ва кӯҳкории Тоҷикистон 32 ҳодисаи нохуше рух дода, дар пайи он 21 кас ҷон бохта, 19 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Аз миёни ҷонбохтаҳо ду кас шаҳрванди Чин ва як каси дигар шаҳрванди Эрон будааст, ки дар сохтмони НБО «Роғун» кор мекардааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, соли гузашта дар нерӯгоҳи «Роғун» 8 ҳодисаи нохуш рух додааст, вале маълум нест, ки дар пайи ин ҳодисаҳо чанд кас маҷруҳ ё фавтидаааст.
Бояд гуфт, ки НБО «Роғун» дар дарёи Вахш, тақрибан 110 километр дуртар аз Душанбе сохта мешавад. Пас аз анҷоми сохтмон иқтидори муқарраршудаи он 3780 МВт-ро ташкил медиҳад. Дар нерӯгоҳ насби шаш чарха бо иқтидори 630 МВт барои ҳар кадоме ба нақша гирифта шудааст ва ҳаҷми пешбинишудаи истеҳсоли солонаи нерӯи барқ тақрибан 14,4 млрд кВт-соатро ташкил медиҳад.
Ахиран барои кормандоне, ки дар сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» кор мекунанд, расмиёти мудирияти захираҳои корӣ нав карда шуд. Ин ҳуҷҷат тартиби мудирияти кормандон, талабот ба шароит ва бехатарии кор, инчунин тадбирҳои ҳифзи ҳуқуқи кормандонро муайян мекунад. Дар фаъолияти кормандони НБО «Роғун» чӣ тағйир ёфт дар ин пайванд мутолиа кунед.
Сарчашма: asiaplus.news

»Ҳодисаи мазкур дар қисмати баромадгоҳи нақб, дар минтақаи бермаҳои № 32, 33 рух додааст. Дар ин минтақа кормандони ширкати зерпудратчии «Сино Гидро», ки ба иҷрои корҳои истеҳсолӣ машғул буданд, қарор доштанд. Дар натиҷаи сарозер гардидани оби техникӣ, об ба сару рӯйи кормандони мазкур рехтааст», — шарҳ доданд аз ин ниҳод.
Тибқи маълумоти расмӣ, дар ин қисмати нақб, ду ҳавзи ҷамъоварии об мавҷуд аст, ки дар натиҷаи канда шудани ҳавзи болоӣ, ҳавзи поёнии обкашӣ низ зарар дидааст. Дар пайи ин, оби ду ҳавз якбора ба қисмати поёнии нақб, ки кормандон ҳузур доштанд, ҷорӣ шудааст.
Ба қавли ин ниҳод дар пайи ин ҳодиса, коркунони нерӯгоҳ осеби ҷисмонӣ набардоштаанд ва ба онҳо ёрии аввалияи тиббӣ расонида шуда, ба кор баргаштаанд.
Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо такя ба манбаъҳои худ навишт, ки дар пайи ин ҳодиса беш аз панҷ корманди нерӯгоҳ осеб бардоштаанд.
Мехоҳед «Азия-Плюс"-ро дар Google бештар бинед? Моро ба манбаъҳои афзалиятнок илова кунед.
Аз ин ниҳод гуфтанд, ки барои муайян кардани сабабҳо ва пешгирии чунин ҳодисаҳо, гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст. Ба гуфтаи манбаъ, муттахассисон ҳолати техникии ҳавзҳои ҷамъоварии об, устувории мехсутунҳо ва риояи талаботи бехатариро дар маконҳои корҳои истеҳсолӣ меомӯзанд.
Бояд гуфт, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар корхонаҳои саноатӣ ва кӯҳкории Тоҷикистон 32 ҳодисаи нохуше рух дода, дар пайи он 21 кас ҷон бохта, 19 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Аз миёни ҷонбохтаҳо ду кас шаҳрванди Чин ва як каси дигар шаҳрванди Эрон будааст, ки дар сохтмони НБО «Роғун» кор мекардааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, соли гузашта дар нерӯгоҳи «Роғун» 8 ҳодисаи нохуш рух додааст, вале маълум нест, ки дар пайи ин ҳодисаҳо чанд кас маҷруҳ ё фавтидаааст.
Бояд гуфт, ки НБО «Роғун» дар дарёи Вахш, тақрибан 110 километр дуртар аз Душанбе сохта мешавад. Пас аз анҷоми сохтмон иқтидори муқарраршудаи он 3780 МВт-ро ташкил медиҳад. Дар нерӯгоҳ насби шаш чарха бо иқтидори 630 МВт барои ҳар кадоме ба нақша гирифта шудааст ва ҳаҷми пешбинишудаи истеҳсоли солонаи нерӯи барқ тақрибан 14,4 млрд кВт-соатро ташкил медиҳад.
Ахиран барои кормандоне, ки дар сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» кор мекунанд, расмиёти мудирияти захираҳои корӣ нав карда шуд. Ин ҳуҷҷат тартиби мудирияти кормандон, талабот ба шароит ва бехатарии кор, инчунин тадбирҳои ҳифзи ҳуқуқи кормандонро муайян мекунад. Дар фаъолияти кормандони НБО «Роғун» чӣ тағйир ёфт дар ин пайванд мутолиа кунед.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)