Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар заминаи Литсейи касбии техникии ноҳияи Шуғнон, Литсейи касбии техникии шаҳри Бохтар, Литсейи алоқаи шаҳри Душанбе ва Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе марказҳои шуғли фосилавӣ фаъолияти босамар дошта, шаҳрвандонро ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро мегиранд. Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати ин марказҳоро 1300 нафар хатм намуда, айни ҳол дар назди ин марказҳо 121 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд.
Илова бар ин, дар муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, ки шаҳрвандонро ба машғулиятҳои кӯтоҳмуддат фаро мегиранд, 5500 нафар шунаванда соҳибкасб гардида, айни замон 206 нафар касбомӯз таҳсилро идома дода истодаанд.
Дар маҷмуъ дар нуҳ моҳи соли 2026 13 ҳазору 397 нафар ба касбомӯзӣ ва 1 ҳазору 401 нафар касбомӯз ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Хатми касбомӯзон дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 4 ҳазору 919 нафар зиёд мебошад.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)