< Пагоҳ дар Тоҷикистон ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Пагоҳ дар Тоҷикистон ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад

Пагоҳ дар Тоҷикистон ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
​Барномаҳои ҷашнӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт аз соати 09:00 оғоз меёбанд.

Ба иттилои манбаъ, дар саҳни ҷашнгоҳ деҳқонони мамлакат аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ дастранҷи худ — маҳсулоти тозаи кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни зироат, сабзавот ва меваҷотро бо нархҳои дастрас пешниҳоди иштирокдорон менамоянд. Ҳамчунин дар ин рӯз баргузории барномаҳои фарҳангию театрӣ дар назар буда, ба иштирокчиён ва кишоварзон туҳфаю ифтихорномаҳо тақдим мегарданд.

Ин ҷашнҳо тибқи ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, гузаронида мешаванд.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий