< Раҳмат Назрӣ: “Рисолати шоир зебобин кардани хонанда аст!” » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Раҳмат Назрӣ: “Рисолати шоир зебобин кардани хонанда аст!”

Раҳмат Назрӣ: “Рисолати шоир зебобин кардани хонанда аст!”
Раҳмат Назрӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, имрӯз, 15-уми октябр, ба синни 75 қадам ниҳод. Ӯ зодаи шаҳри Кӯлоб буда, аз хурдсолӣ ба шеърнависӣ сар кардаааст ва баъдан риштаирӯзноманигорӣ хондааст.Солҳои зиёд дар рӯзномаи «Маориф ва маданият», ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолият дошт.

«Азия-Плюс» дар рӯзи мавлудаш ба шоир занг зада, ӯро таҳният гуфт ва бо мавсуф мусоҳиба орост. Дар ин гуфтугӯ Раҳмат Назрӣ перомуни ташвиши ҷашнворааш, эҳсоси танҳоӣ пас аз реҳлати устодону ҳамандешон, роҳи ба журналистика омаданаш, рисолати шоирӣ ва қадру қимати унвонҳо суҳбат кард. Дар оғози гуфтугӯ аз ӯ пурсидем, ки имрӯз чӣ нақшаҳо дорад.

«Рӯ ба рӯ шудан бо хонанда кори хеле мушкил аст"– Имрӯз дилам ором нест. Бегоҳӣ дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба муносибати мавлудам маҳфиле баргузор мешавад, ки дар он бояд рӯ ба рӯи ихлосмандонам истода, шеър хонаму рози дил гӯям. Рӯ ба рӯ шудан бо хонанда кори хеле мушкил будааст.

— Эҳтимол, сарояндагон ҳам даъват шудаанд?
— Бале, қариб 10 сарояндаи номдор, ба мисли Баҳодур Неъматову Хосияти Зарафшонӣ, аз сарояндагони ҷавон набераи устоди зиндаёд Одина Ҳошим — Фирдавс Ҳошимов аз ашъори ман суруд мехонанд. Ҳунарпешаи номдори мо Қурбони Собир ҳам як шеъре қироат мекардааст.
Иттифоқи нависандагон хонаи дуюми мо буд, вале…– Дар Иттифоқи нависандагон ҳам ягон маҳфил мешавад?
— Дӯстон маро розӣ кунонданд, ки маҳфилро дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон баргузор кунам.
— Робитаатон бо Иттифоқи нависандагон чӣ гуна аст? Гоҳ-гоҳе дар маҳфилҳо мебинам, вале хеле кам меоед…
— Дур шудаам. Чил сол хонаи дуюми мо Иттифоқи нависандагон буд. Ҳоло роҳ каме дур аст. Духтурҳо гуфтанд, ки буғумдард дорам. Роҳгардӣ каме мушкил аст. Як табиб гуфт, асо гирам, ки мабодо ҷое афтода, лат нахӯрам, вагарна барқарор шудани устухонҳо душвор аст. Барои ҳамин, гоҳо асо мегирам. Бинобар ин, кам сӯи Иттифоқи нависандагон меравам.
— Асо гирифтан анъанаи бузургон,аз ҷумла устод Айнӣасту ҷойи ташвишу нигаронӣ надорад.
— Натанҳо устод Айнӣ, устод Рӯдакӣ ҳам асо доштанд. Дар шеърашон ҳам мегӯянд: «Асо биёр, ки вақти асову анбон шуд». Ташвише надорам. Нишонаи пирӣ аст.
–Дарвоқеъ, Шумо чанд сол дар Кумитаи Ҷоизаи Рӯдакӣ кор кардед?
— Қариб 20 сол котиби масъул будам. Соли 2002 ба кор рафтаму ифтихор мекунам, ки бо устод Гулназар дар як ҳуҷра кор кардам. Баъди реҳлати он кас аз кор рафтам.
«Аз худам беҳтар маро касе намефаҳмад"–Аз шогирдони дастпарвари Боқӣ Раҳимзода будед, муддате бо Муъмин Қаноат кор кардед, баъд бо Гулназар дар як идора. Имрӯз на Раҳимзода ҳаст, на Қаноат ва на Гулназар. Эҳсоси танҳоӣ намекунед?
— Чунин эҳсос ҳаст, дар шеърҳоям гуфтаам. Як силсила дубайтиҳо дорам дар ин маврид.
— Имрӯз ёри суҳбату дарди дил доред? Касе ҳаст, ки андешаҳои Шуморо фаҳмаду розу ниёз кунед?
— Наздиктарин кас ба ман — худи ман. Солҳо пеш шоири номдорамон Ҳайрат Шанбезодаро дида будам, ки худ ба худ ҳарф мезад. Сабабашро пурсидам, гуфтанд, ки аз худам беҳтар маро касе намефаҳмад. Ҳоло ман ҳам чунинам. Яъне, аз худи инсон ҳамдилтар ва ҳамдардтар касе нест. Замоне ҳамдилу ҳамфикр меёбед, баъде, ки онҳо мераванд, рӯзгор мушкил мешавад. Дар дунё ғайри Худо касе намемонад.
Мехоҳед «Азия-Плюс"-ро дар Google бештар бинед? Моро ба манбаъҳои афзалиятнок илова кунед.

— Дарди Раҳмат Назрӣ чӣ аст?
— Дарди зиндагӣ, дарди адабиёт, дарди халқ… Мардумо мо барои фарзандон зиндагӣ мекунанд, барои худ — не. Вақте набераҳоям дар атрофам бол мезананд, дардҳоям кам мешаванду ором мегирам.
Шоире, ки мехост меъмор шавад, сӯйи рӯзноманигорӣ омад–Шумо аз овони мактабхонӣ шеър менавиштед ва мегӯянд, ки ба рассомӣ ҳам шавқ доштед… Чӣ шуд, ки ба рӯзноманигорӣ омадед?
— Аслан мехостам меъмор шавам. Дар маҳфили рассомони ҷавон ширкат мекардам. Дар синфи 4 дар озмуни рассомони ҳаваскор дар сатҳи ҷумҳурӣ ҷои дуюмро гирифта будам. Дар мактаби миёна математика ва физикаро дӯст медоштам, нақшакаширо ҳам меомӯхтам. Лекин баъд силсилаи шеърҳоям бо ташаббуси устоди зиндаёд Мастон Шералӣ дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» чоп шуд. Он вақт ин рӯзнома хеле машҳур буд. Ва роҳи ман ба пойтахт боз шуд.
Устод Боқӣ Раҳимзода ба Душанбе даъват карданд. Душанбе шаҳрест, ки омадед, дигар баргашта наметавонед. Хокаш ҷозибаи аҷиб дорад: агар равед ҳам, фақат ёди Душанбе мекунед. Ин шаҳр воқеан дили кишвар аст.
–Воқеан, чӣ шуд, ки ҷавони шоире, ки мехост меъмор шавад, сӯйи рӯзноманигорӣ омад: замина ё ангеза чӣ буд?
— Хонданро хеле дӯст медоштам. Ҳамаи китобҳои Китобхонаи шаҳри Кӯлобро хонда будам. Ҳатто китобчаҳоеро, ки дар бораи пахтакорӣ ва чорводорӣ буданд, хондаам. Вақте китоби дигар намеёфтам, рӯзнома мехондам, ҳатто шеър мефиристодам. Дар солҳои мактабхонӣ аввалин шеърам дар маҷаллаи «Машъал» чоп шуд. Барои ҳамин рӯзноманигорӣ ба ман бегона набуд.
«Рӯзнома минбари истеъдодҳо буд"–Баъди он Шумо канори Бӯринисо Бердиева дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» кор кардед. Дар гирду атрофи Бердиева чеҳраву шахсиятҳои бисёре ҷамъ омада буданд. Шумо чӣ гуна ба он саф пайвастед?
— Маро даъват карданд. «Маориф ва маданият» минбари истеъдодмандон буд. Бозор Собир ҳам дар ҳамон рӯзнома кор мекард, Ҷумъа Одина, Ҳабибулло Файзулло, Асадулло Саъдуллоев, Доро Дӯст ва дигарон. Адибонеро, ки аз ҷои дигар ронда мешуд, Бердиева ба кор мегирифт. Беҳтарин шахсиятҳои адабии мо дар ҳамин рӯзнома ба камол расиданд. Нависандагони мо навиштаҳояшонро аввал дар ҳамин рӯзнома чоп мекарданд. Барои ҳамин хонандаи бисёре ҳам дошт.
— Аз худи Бӯринисо Бердиева чӣ гуна ёд мекунед:чӣ гуна зан ва чӣ гуна сармуҳаррир буд?
— Зани бузург, ватандӯст, ватанпарвар буд. Дар арафаи Наврӯз рӯзномаҳои дигар аз «иди меҳнат» ва «иди кишту кор» менавиштанд, вале «Маориф ва маданият» дар бораи Наврӯз менавишт. Баъд аз ин мо ҳисобот медодем, ки чаро Наврӯз навиштем.
— Чаро аз «Маориф ва маданият» рафтед?
— Ман нарафтам: рӯзномаро ду тақсим карданд — «Маданияти Тоҷикистон» (имрӯза «Адабиёт ва санъат») ва «Газетаи муаллимон» (имрӯза «Омӯзгор»). Ҳамон рӯзҳо маро ба Дафтари тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагон даъват карданд ва ба «Адабиёт ва санъат» гузаштам.
— Давраи кор дар «Адабиёт ва санъат"-ро чӣ гуна ёд мекунед? Он идомаи кори «Маориф ва маданият» буд?
— Беҳтарин давра ва мактаби ҳунари мо ҳамон «Маориф ва маданият» буд. Касоне ҳам, ки дар мактаб ё донишгоҳ камтар омӯхта буданд, навиштан, хондан ва андеша карданро аз ҳамин рӯзнома ёд гирифтанд.
Кори «Адабиёт ва санъат» ҳам хуб буд. Ду сол ин рӯзнома «Маданияти Тоҷикистон» ном дошт ва баъд «Адабиёт ва санъат» шуду шуҳрати зиёд пайдо кард. Ман дар он ҷо мудири шуъба ва муовин будам.
–Ин ҳафтанома шуҳраташро нигоҳ дошта тавонист: агар «на», чаро?
— Сабаб ин аст: «Маориф ва маданият» дар замони шӯравӣ ягона равзанаи рӯшноӣ буд, барои ҳамин машҳур шуд. Ҳоло рӯзнома ва маҷаллаҳои фаровон чоп мешаванд, телевизиону радио ҳаст, интернет ҳаст ва рақобат калон аст.


— Фикр намекунед, ки чеҳраҳое, ки замоне дар «Маориф ва маданият» ҷамъ омада буданд, имрӯз ҳам дар як нашрия ҷамъ шаванд, боз хонанда пайдо мекунанд?
— Шояд мумкин бошад, вале ба фикрам мушкилтар аст.
— Аз рӯзгори охири умри Бердиева ҳам хабар доштед?
— Бале, мо робитаамонро ҳеҷ гоҳ қатъ накардем. Як рӯз пеш аз маргашон ба хонаашон ба дидорбинӣ рафтам. Ҳарчанд бемор буданд, вале нолишу шикоят намекарданд. Зани боғайрат буданд. Афсӯс, ки бузургон ба хорӣ мемиранд…
Вазифаи шоир ва шеъри иҷтимоӣ– Дар як маҳфили Шумо Муъмин Қаноат мегӯяд, ки «шеърҳои Раҳмат Назрӣ оҳанги иҷтимоии бештар доранд». Боқӣ Раҳимзода низ ба эҷодиёти Шумо баҳои баланд дода буд. Нахуст, ба ин арзёбиву эътирофҳо чӣ посух доред ва сониян, чаро шеър бояд оҳанги иҷтимоӣ дошта бошад?
Мехоҳед «Азия-Плюс"-ро дар Google бештар бинед? Моро ба манбаъҳои афзалиятнок илова кунед.

— Ин ду устоди бузург дар адабиёти мо чун кӯҳҳои баландпояанд. Агар ба андешаи онҳо дар шеъри ман нишонаҳои иҷтимоӣ мавҷуд бошанд, ин бароям мояи ифтихори бузург аст. Аммо ин суханонро чун дуову умеди онҳо пазируфтаам. Онҳо умед доштанд, ки шоири хубе хоҳам шуд. Ману каломи ман ба ин дараҷа расидааст ё не — инро ман не, балки вақту хонанда муайян мекунад.
Ба андешаи ман, шеърро наметавон аз ҳаёт ҷудо кард. Шоири имрӯза дар кунҷи узлат шеър наменависад. Ӯ дар миёни мардум зиндагӣ мекунад, дарди ҷомеаро мебинад ва шодиву сурури онҳоро эҳсос мекунад. Агар шеър аз набзи ҳаёт дур афтад, ба гули коғазӣ мубаддал мешавад: ба зоҳир зебост, вале бӯй ва ҷон надорад. Каломе, ки аз рӯзгори мушаххас ва ҳақиқати айнӣ маншаъ нагирифтааст, ҳеҷ гоҳ ба дили хонанда роҳ намеёбад. Шеър бояд аз дили ҳаёт барояд, на аз тахайюлпардозиҳои бофтаву сохта.
Албатта, иҷтимоӣ будан ҳеҷ гоҳ ба маънои шиорпардозӣ ё аз минбари баланд хондани пандномаҳои хушку холӣ нест. Иҷтимоӣ будани шеър — ин пайванди маънавию робитаи наздики шоир бо мардум аст. Дар чунин рӯзгор шоир наметавонад аз ҳақиқати атроф чашм пӯшад ва танҳо аз гулу булбул гӯяд. Ҳатто агар аз гулу булбул ҳам менависад, бояд дар он дарди замон эҳсос шавад.
Шоирӣ ба назари ман ҳавас ва машғулияти гузаро нест, балки фидокорист. Инсон бояд тамоми ҳастиву зиндагии худро ба он бахшад. Ба адабиёт бо ҳавою ҳавас омадан мумкин нест. Вақте шоир ҳаёти хешро нисори шеър мекунад, каломаш худ ба худ ҷанбаи иҷтимоӣ мегирад, зеро сарнавишти ӯ бо сарнавишти халқаш гиреҳ мехӯрад.
Ман ҳамеша худро як қаламкаши оддӣ медонам. Агар дар шеъри ман ҳатто як садо ё акси садо аз дарди мардум шунида шавад, бениҳоят шукргузорам. Бақияашро Худову хонандаи азиз медонад.
— Вазифа ё рисолати шоирӣ ба фикри Шумо чист?
— Рисолати шоир ин аст, ки дарди ҷомеаро эҳсос, ҳақиқати рӯзгорро таҷассум ва бо каломаш хонандаро аз ботин зебобину зебонигар кунад.



«Як ҳафта аз хушҳолӣ маст гаштам"–Бузургтарин неъмат барои як шоир чист?
— Вақти шеърат аз забони мардум, ихлосмандони адабиёт садо медиҳад, неъмати бузург аст. Ҳоло хотира каме заиф шудаасту шеърҳоямро азбар карда наметавонам. Вале вақте касе хонад — бисёр болидарӯҳ мешавам.
Рӯзе аз назди бозори Саховат мегузаштам, як нафар наздик омад, ҳолпурсӣ кард ва гуфт, ки маро мешиносад. Баъд як мисраи дубайтиҳоеро, ки солҳои ҷавонӣ гуфтаам, аз ёд хонд. Чунон хурсанд шудам, ки як ҳафта аз хушҳолӣ маст гаштам. Хушбахтии шоир ҳамин аст — касе як мисраи ӯро аз ёд донад.

— Аз умри тайкардаву корномаи хеш розиед?

— Ба ҳар чӣ Офаридгор дод, ҳазорон сипос мегӯям ва боз умр боқӣ бошад, камари ҳиммат баста, барои адабиёт хидмат мекунам. Аз худ розӣ будан корест душвор ва барои эҷодгор ризоият баромари марг аст. Ба фикрам, шахс он вақт аз худ розӣ мешавад, ки дигар ҳарфи гуфтанӣ надошта бошад.

Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий