< Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд

Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
​Довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрорӣ ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон комёб гардидаанд, бояд на дертар аз 13 октябр ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки рӯйхати онҳо дар зер оварда мешавад, ба комиссияи қабули он муроҷиат намоянд.

Дар ҳолати бо сабаби узрнок дар муҳлати муқарраргардида имконнопазир будани ҳозиршавии довталаб ба муассисаи таълимӣ довталабро зарур аст, ки қаблан, то 13 октябр муассисаи таълимиро дар ин хусус тавассути намояндаи худ хабардор карда, ҳуҷҷатҳои зарурӣ пешниҳод намояд.

Тибқи тартиби муқарраргардида, дар ҳолати то 13 октябр ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир нашудани довталаб ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод накарданаш аз ҳуқуқи қабул шудан ба муассисаи таълимӣ маҳрум мегардад.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий