< Дастури Рустами Эмомалӣ барои таъмини сокинони пойтахт бо обу барқ ва гармӣ дар фасли зимистон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дастури Рустами Эмомалӣ барои таъмини сокинони пойтахт бо обу барқ ва гармӣ дар фасли зимистон

Дастури Рустами Эмомалӣ барои таъмини сокинони пойтахт бо обу барқ ва гармӣ дар фасли зимистон
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба масъулон супориш додааст, ки барои таъмини сокинони пойтахт бо обу барқу гармӣ ва муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулотҳои ниёзи аввал дар бозорҳо дар фасли зимистон «корҳоро тақвият бахшанд».
Ҳамчунин, шаҳрдор ба зерсохтҳои соҳавӣ дастур додааст, ки дар ҳамкорӣ бо ширкати «Руфтоб» масъалаи насби панелҳои офтобиро дар ҳама корхонаҳои шаҳр новобаста аз шакли моликият корбарӣ кунанд.

Хабаргузории «Ховар» иттилоъ додааст, ки ин нуктаҳо дар Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки рӯзи 20-уми октябр баргузор шуд, баррасӣ шудааст. Масъалаҳои рушди иқтисод, энержии сабз ва соҳаҳои иҷтимоии пойтахт меҳвари ин ҷаласаро ташкил додааст.
                                                                    
Дар ин ҷаласа, Рустами Эмомалӣ ҳамчунин, дастур додааст, ки корҳоро дар соҳаҳои рушди иқтисод, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, сайёҳӣ, варзиш ва сиёсати давлатии ҷавонон, гузариш ба низомҳои рақамӣ, навоварӣ, саноат, кишоварзӣ, ҷалби сармоя, соҳибкории хурду миёна, рушди зерсохти роҳу нақлиёт, сохтмону меъморӣ, барқу гармидиҳӣ, обу корезӣ ва рушди иқтисоди сабз тақвият бахшанд.
                                                             Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум, ки рӯзи 20-уми октябр.
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум, ки рӯзи 20-уми октябр. 


Ба иттилои манбаъ, вакилони пойтахт ҳамчунин чанде аз қарорҳои қабулкардаи раиси шаҳри Душанберо дар масъалаи кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ кардаанд.

Мехоҳед «Азия-Плюс"-ро дар Google бештар бинед? Моро ба манбаъҳои афзалиятнок илова кунед.

Дар поёни ҷаласа Рустами Эмомалӣ вакилон ва масъулони шаҳрдориро ба хидмати содиқона барои баҳри рушд пойтахт даъват кардааст.

Ҳамасола дар фасли сармо мушкили барқу об ва гармӣ дар пойтахт расонаӣ мешавад. Аз ҷумла,  бориши барф дар моҳи марти соли 2024 боиси қатъи барқ дар аксари минтақаҳои кишвар, аз ҷумла пойтахт шуда буд. Бар иловаи қатъ шудани нерӯи барқ, низоми гармидиҳӣ, оби ошомиданӣ, иртиботи мобилӣ ва интернет низ аз кор бозмонда буд.

Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий