Президенти Узбекистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар оғози вохӯрӣ Сироҷиддин Муҳриддин ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон паёми самимӣ ва таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонид.
Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими рушди муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон, инчунин дурнамои таҳкими баъдии ҳамёрии стратегӣ ва ҳампаймонӣ байни ду мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аҳаммияти густариши пайвастаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо таъкид гардид.
Ёдовар мешавем, ки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Самарқанд дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби «C5+1» иштирок намуд.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)