< Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид

Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
​Ҳадафи баргузории ҳамоиш баррасии таҷрибаи амалӣ дар омӯзиши мутахассисони тибби оилавӣ ва ҳамширагӣ дар нигоҳубини аввалин дар Осиёи Марказӣ ва минтақаи аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, муаррифии таҷрибаҳои давлатҳои минтақаи аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, беҳтар кардани сифати нигоҳубини аввалини тиббӣ, арзёбии ниёзҳои мамлакатҳо ва банақшагирии амалҳои минбаъда бо назардошти тавсияҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошад.

Иброз гардид, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ зич ҳамкорӣ мекунад, то уҳдадориҳои сиёсиро барои ҳалли масъалаҳои қувваи кории тиббӣ, аз ҷумла тавассути ташаббусҳои зерминтақавӣ, ба монанди Роҳнамоҳои стратегӣ барои ҳамширагӣ ва момодоягӣ ва Арзёбии тибби оилавӣ дар Осиёи Марказӣ тақвият диҳанд.

Таъкид гардид, ки тақвияти тибби оилавӣ ва ҳамширагӣ дар нигоҳубини аввалини тиббӣ метавонад ба коҳиш додани беморшавӣ ва фавт дар Осиёи Марказӣ саҳми назаррас гузорад.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий