< Суръати интернети дар Тоҷикистон панҷ маротиба афзоиш ёфтаст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Суръати интернети дар Тоҷикистон панҷ маротиба афзоиш ёфтаст

Суръати интернети дар Тоҷикистон панҷ маротиба афзоиш ёфтаст
Суръати тавсеаи зерсохтҳои мухобиротӣ дар Тоҷикистон дар нимаи нахусти соли 2026 дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли гузашта, 70 дарсад афзоиш ёфт.

Дар ин бора сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло дар Форуми минтақаии Иттиҳоди байнулмилалии алоқаи барқӣ барои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ дар Душанбе изҳор дошт.

«Ҳамзамон, зерсохтҳои иртиботии насли панҷум низ ба таври пайваста дар кишвар тавсеа меёбанд. Дар ҳоли ҳозир, иҷрои марҳила ба марҳилаи фановарии насли панҷум, мавсум ба 5G, ва густариши пӯшиши он идома дорад», — гуфт Исфандиёри Саъдулло.

Вай афзуд, дар ҳамин росто, миёнгини суръати интернети ҳамроҳ дар кишвар дар муқоиса бо оғози соли 2025, наздик ба панҷ баробар шудааст.

«Ҳамчунин, бар асоси додаҳои рутбабандии байналмилалӣ, миёнгини суръати интернети собит дар Тоҷикистон тайи як соли гузашта ҳудуди 35 дарсад афзоиш ёфтааст», — гуфт раиси Хадамоти алоқа.Ба қавли ӯ, дар канори тавсеаи зерсохтҳои заминӣ, зарфиятҳои иртибототи моҳвораӣ низ густариш меёбанд."Дар соли 2026, ироаи хадамоти интернети моҳвораии Starlink дар Тоҷикистон расман оғоз шуд. Ин амр, фурсатҳои бештаре барои иттисоли манотиқи дурафтода ва саъбулубури кишвар ба интернет фароҳам мекунад«, — гуфт Исфандиёри Саъдулло.  
     

Вай афзуд, ҳамаи ин иқдомот танҳо бо ҳадафи тавсеаи бахши иртиботот анҷом намешаванд, балки ҳадафи ниҳоии онҳо, фароҳам кардани дастрасии густардатари шаҳрвандон, бизнес ва ниҳодҳои давлатӣ ба имконоти навини диҷитал аст."Ин талошҳо, сармоягузорӣ дар ояндаи диҷитали кишвар, густариши фурсатҳо барои шаҳрвандони мо ва фароҳамсозии шароите аст, ки дар он, фановариҳои навин, аз ҷумла ҳуши маснуӣ, битавонанд барои ҷомеа ва иқтисоди кишвар суди амалӣ ба ҳамроҳ дошта бошанд«, — гуфт Исфандиёри Саъдулло.

Сарчашма: sputnik.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий