< Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 дараҷа,  рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9,  дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа ва рӯзона 23+28 дараҷа  гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 дараҷа ва рӯзона 13+18  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 10+15 дараҷа ва рӯзона 22+27 дараҷа  гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9,  дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 10+14 дараҷа ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, бориши борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 7-12 метр дар як сония мевазад ва чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 13+15 дараҷа ва рӯзона 26+28 дараҷа гарм мешавад.


Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий