Боздошти 4 ҷавон бо гумони алоқаи ҷинсӣ бо духтари ноболиғ
Дар шаҳри Исфара мақомот 4 ҷавонро бо гумони алоқаи ҷинсӣ бо як духтари ноболиғ боздошт ва алайҳашон парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Пулиси вилояти Суғд дар гузорише аз гумонбарон Хурсандалӣ Шаҳобов ва Сироҷиддин Маҷидови 26-сола, Самандар Воҳидови 25-сола ва Заурбек Абудуллоеви 20-сола ном бурда, гуфт, ки онҳо сокинони ҷамоати Хонаободи шаҳри Исфара ҳастанд.
Ба иттилои ин ниҳод, Хурсандалӣ Шаҳобов моҳи май бо ҷабрдида шинос шуда, бо ӯ муносибатҳои маҳрамона анҷом додааст. Баъдан, ӯ ин муносибатҳоро дар телефонаш сабт ва аз он рафиқонашро ҳам хабардор кардааст.
"
Мақомот гуфтаанд, ки гумонзадҳо ин амали зиддиахлоқиро нисбати духтари бараъло ноболиғ дар фосилаҳои гуногун анҷом дода, дидаву дониста меъёри дахлнопазирии ҷинсиро вайрон кардаанд.
Назари боздоштшудаҳо дар робита ба ин қазия маълум нест. Мақомот нагуфтаанд, ки духтари ноболиғ чандсола буд.

Гумонбарон. Намогирифт аз гузориши пулиси Суғд
Нисбати онҳо бо гумони «алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба 16 солагӣ нарасидааст» (моддаи 141 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Бар асоси ин иттиҳом, ба гумонбарон аз 2 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.
Бояд гуфт ки моҳи ноябри соли 2023 парлумони Тоҷикистон ҷазо барои аҷом додани ҳаракатҳои бадахлоқона нисбати нобилиғонро сангинтар кард. Аз ҷумла, ба моддаи 142 Кодекси ҷиноятии ҶТ қисми сеюм илова шуд, ки мувофиқи он, барои амалҳои содиршуда нисбати нафаре ки ҳоло ба синни 14-солагӣ нарасидааст, аз 5 то 8 соли зиндон (қаблан ҷазои ниҳоӣ то 5 соли маҳбас) пешбинӣ шудааст.
Дар Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дигар моддаҳо низ ҳастанд, ки дар онҳо барои ҷиноятҳои марбут ба ба дахолатнопазирии ҷинсӣ ҷазо пешбинӣ шудааст. Ҳамин тариқ, дар моддаи 138 (Таҷовуз ба номус) барои ин кирдор нисбати ноболиғон аз 12 то 25 соли зиндон ва ё ҳукми абад пешбинӣ шудааст.
Дар моддаи 139 (Ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ) аз 7 то 10 соли ҷазои маҳрумият аз озодӣ дар назар дошта шудааст.
Сарчашма: asiaplus.news
Пулиси вилояти Суғд дар гузорише аз гумонбарон Хурсандалӣ Шаҳобов ва Сироҷиддин Маҷидови 26-сола, Самандар Воҳидови 25-сола ва Заурбек Абудуллоеви 20-сола ном бурда, гуфт, ки онҳо сокинони ҷамоати Хонаободи шаҳри Исфара ҳастанд.
Ба иттилои ин ниҳод, Хурсандалӣ Шаҳобов моҳи май бо ҷабрдида шинос шуда, бо ӯ муносибатҳои маҳрамона анҷом додааст. Баъдан, ӯ ин муносибатҳоро дар телефонаш сабт ва аз он рафиқонашро ҳам хабардор кардааст.
"
»Минбаъд онҳо низ тӯли моҳҳои июл ва август бо ҳар восита бо ноболиғ шинос шуда ва муносибати маҳрамона анҷом дода, нафси шаҳвонии худро қонеъ месозанд», — афзудааст пулис.
Мақомот гуфтаанд, ки гумонзадҳо ин амали зиддиахлоқиро нисбати духтари бараъло ноболиғ дар фосилаҳои гуногун анҷом дода, дидаву дониста меъёри дахлнопазирии ҷинсиро вайрон кардаанд.
Назари боздоштшудаҳо дар робита ба ин қазия маълум нест. Мақомот нагуфтаанд, ки духтари ноболиғ чандсола буд.

Нисбати онҳо бо гумони «алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба 16 солагӣ нарасидааст» (моддаи 141 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Бар асоси ин иттиҳом, ба гумонбарон аз 2 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.
Бояд гуфт ки моҳи ноябри соли 2023 парлумони Тоҷикистон ҷазо барои аҷом додани ҳаракатҳои бадахлоқона нисбати нобилиғонро сангинтар кард. Аз ҷумла, ба моддаи 142 Кодекси ҷиноятии ҶТ қисми сеюм илова шуд, ки мувофиқи он, барои амалҳои содиршуда нисбати нафаре ки ҳоло ба синни 14-солагӣ нарасидааст, аз 5 то 8 соли зиндон (қаблан ҷазои ниҳоӣ то 5 соли маҳбас) пешбинӣ шудааст.
Дар Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дигар моддаҳо низ ҳастанд, ки дар онҳо барои ҷиноятҳои марбут ба ба дахолатнопазирии ҷинсӣ ҷазо пешбинӣ шудааст. Ҳамин тариқ, дар моддаи 138 (Таҷовуз ба номус) барои ин кирдор нисбати ноболиғон аз 12 то 25 соли зиндон ва ё ҳукми абад пешбинӣ шудааст.
Дар моддаи 139 (Ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ) аз 7 то 10 соли ҷазои маҳрумият аз озодӣ дар назар дошта шудааст.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)