Корхонаи обу корез сабаби тағйир ёфтани бӯй ва ранги оби ошомиданӣ дар Душанберо шарҳ дод
Корхонаи обу корези Душанбе дар як вокуниш ба нигарониҳо аз тағйир ёфтани бӯй ва ранги оби ошомиданӣ дар пойтахт вокуниш карда гуфтааст, ки сабаби ин ҳолат «дар пайи боришоти шадид… ворид шудани миқдори зиёди таҳшинҳо ва омехтаҳои табиӣ ба оби дарё» мебошад.
"
Ин ниҳод гуфтааст, ки дар пайи нигарониҳо масъулини Маркази беҳдоштии Душанбе обро санҷидаанд ва кормандони корхона вазъро «зери назорати доимӣ гирифтанд».
Манбаъ гуфтааст, ки «пас аз ба эътидол омадани вазъи об дар манбаи обтаъминкунӣ, ҳолати он низ ба меъёр баргаштааст».

Акс аз Корхонаи обу корези Душанбе
Корхонаи обу корез аз сокинон ва меҳмонони пойтахт хостааст, ки «ба овозаҳо ва маълумоти тасдиқнашуда такя накарда, ба иттилои расмӣ ва натиҷаҳои назорати мутахассисон таваҷҷуҳ намоянд».
Корхонаи обу корез гуфтааст, ки минбаъд низ вазъи сифати обро таҳти назорат нигоҳ дошта, дар сурати ба миён омадани ҳар гуна тағйироти ғайримуқаррарӣ чораҳои зарурӣ ва саривақтӣ меандешад.
Вале ин ниҳод нагуфтааст, ки ошомидани чунин об то куҷо ба саломатӣ зарар дорад.
Сар дирӯз, 24-уми сентябр бархе сокинони пойтахт аз ғализ шудани оби ошомиданӣ дар хонаҳояшон нагаронӣ карданд. Онҳо гуфтанд, ранги об тағйир ёфта, ҳамчунин бӯйи монанд ба «резина» мекунад.
Сарчашма: asiaplus.news
"
»Дар натиҷаи боришоти шадид сатҳи оби дарёи Варзоб баланд гардида, ҳамзамон ба оби дарё миқдори зиёди таҳшинҳо ва омехтаҳои табиӣ ворид гардиданд. Дар чунин шароити обу ҳаво шаффофият, ранги об ва баъзан хусусиятҳои органолептикии он метавонанд муваққатан тағйир ёбанд», — гуфтааст корхонаи обу корез.
Ин ниҳод гуфтааст, ки дар пайи нигарониҳо масъулини Маркази беҳдоштии Душанбе обро санҷидаанд ва кормандони корхона вазъро «зери назорати доимӣ гирифтанд».
Манбаъ гуфтааст, ки «пас аз ба эътидол омадани вазъи об дар манбаи обтаъминкунӣ, ҳолати он низ ба меъёр баргаштааст».

Корхонаи обу корез аз сокинон ва меҳмонони пойтахт хостааст, ки «ба овозаҳо ва маълумоти тасдиқнашуда такя накарда, ба иттилои расмӣ ва натиҷаҳои назорати мутахассисон таваҷҷуҳ намоянд».
Корхонаи обу корез гуфтааст, ки минбаъд низ вазъи сифати обро таҳти назорат нигоҳ дошта, дар сурати ба миён омадани ҳар гуна тағйироти ғайримуқаррарӣ чораҳои зарурӣ ва саривақтӣ меандешад.
Вале ин ниҳод нагуфтааст, ки ошомидани чунин об то куҷо ба саломатӣ зарар дорад.
Сар дирӯз, 24-уми сентябр бархе сокинони пойтахт аз ғализ шудани оби ошомиданӣ дар хонаҳояшон нагаронӣ карданд. Онҳо гуфтанд, ранги об тағйир ёфта, ҳамчунин бӯйи монанд ба «резина» мекунад.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)