БОР ба Тоҷикистон барои тақвияти низоми тандурустӣ $43,3 млн ҷудо кард
Бонки осиёии рушд (БОР) барои тақвияти низоми тандурустии Тоҷикистон 43,27 миллион доллар кумаки молӣ ҷудо кард. Ин пул, ба иттилои расмӣ, ба беҳтар кардани назорати ҳамагиршиносӣ (эпидемиологӣ), навсозии озмоишгоҳҳо, ҷорӣ кардани фанновариҳои рақамӣ ва абзорҳои ҳуши маснуӣ барои шиносоӣ ва вокуниш ба хуруҷи бемориҳо равона мешаванд.
Ин тарҳ, ҳамчунин, рушди кумаки аввалияи тиббиву беҳдоштӣ дар минтақаҳои дурдасту наздисамарзӣ ва таъсиси панҷ маркази кумак ба занону духтарони хушунатдидаро дар бар мегирад.
"
Ба иттилои БОР, тарҳи мазкур ба тақвияти ошкорсозии барвақтии бемориҳо, аз ҷумла сил ва ВНМО ва баланд бардоштани омодагии кормандони тиб дар шароити изтирорӣ мусоидат мекунад.
Дар лоиҳа ҳамчунин, таҳкими ҳамкориро байни хидматҳои ҳифзи саломатии инсон ва ҳайвонот дар доираи равиши ҷаҳонии «Саломатии ягона» ва беҳбуди омодагии кормандони тиббӣ барои вокуниш ба таҳдидҳои солимии ҷомеаӣ, оқибатҳои офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои хушунат нисбат ба занон ва духтарон пешбинӣ шудааст.
Лоиҳа минтақаҳои деҳот, дурдаст ва марзиро фаро гирифта, ба сокинон ҷиҳати дастрас кардани хидматҳои тиббии босифат ёрӣ мерасонад.
Он ба ошкорсозии бештар барвақти бемориҳое чун сил ва ВНМО мусоидат карда, ҳамчунин низоми ёрии аввалияи тиббию беҳдоштиро мустаҳкам ва онро нисбат ба оқибатҳои офатҳои табиӣ устувортар ва нисбат ба ниёзҳои занон ва духтарон ҳассостар месозад.
Дар лоиҳа инчунин баланд бардоштани сатҳи огаҳии аҳолӣ аз бемориҳои сироятӣ ва бемориҳое, ки аз ҳайвонот ба инсон мегузаранд, инчунин тавсеъаи дастгирии занон ва дигар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ пешбинӣ шудааст.
Таъсиси панҷ маркази махсуси ҳамгироӣ, ки ба занон ва духтарони хушунат осебдида ёрӣ мерасонанд, ба нақша гирифта шудааст.
Маблағи мазкурро манбаъҳои молии зерин ҷудо мекунанд:
БОР — бонки пешрафтаи бисёрҷонибаи рушд аст, ки рушди устувор, фарогир ва тобовари минтақаи Осиё ва Уқёнуси Оромро дастгирӣ мекунад. БОР бо кишварҳо ва шарикони худ барои ҳалли муштараки вазифаҳои мураккаби рушд кор карда, аз воситаҳои инноватсионии молиявӣ ва шарикии стратегӣ барои дигаргун сохтани зиндагии мардум, эҷоди зерсохтори босифат ва ҳифзи сайёраи мо истифода мебарад.
Бокни осиёии рушд соли 1966 таъсис ёфта, 69 кишвар узви он мебошанд, ки 50-тои онҳо дар минтақа ҷойгиранд.
Сарчашма: asiaplus.news

»Беҳтарин муҳофизат аз бӯҳрони соҳаи тандурустӣ — омодагӣ пеш аз фаро расидани он аст. Тавассути ин лоиҳа Тоҷикистон метавонад низоми муҳофизат аз хуруҷи бемориҳои ояндаро мустаҳкам ва ҳамзамон сифати хидматҳои тиббиро барои онҳое, ки ба онҳо зиёдтар ниёз доранд, беҳтар созад», — зикр кардааст Ко Сакамото, намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон.
Ба иттилои БОР, тарҳи мазкур ба тақвияти ошкорсозии барвақтии бемориҳо, аз ҷумла сил ва ВНМО ва баланд бардоштани омодагии кормандони тиб дар шароити изтирорӣ мусоидат мекунад.
Дар лоиҳа ҳамчунин, таҳкими ҳамкориро байни хидматҳои ҳифзи саломатии инсон ва ҳайвонот дар доираи равиши ҷаҳонии «Саломатии ягона» ва беҳбуди омодагии кормандони тиббӣ барои вокуниш ба таҳдидҳои солимии ҷомеаӣ, оқибатҳои офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои хушунат нисбат ба занон ва духтарон пешбинӣ шудааст.
Лоиҳа минтақаҳои деҳот, дурдаст ва марзиро фаро гирифта, ба сокинон ҷиҳати дастрас кардани хидматҳои тиббии босифат ёрӣ мерасонад.
Он ба ошкорсозии бештар барвақти бемориҳое чун сил ва ВНМО мусоидат карда, ҳамчунин низоми ёрии аввалияи тиббию беҳдоштиро мустаҳкам ва онро нисбат ба оқибатҳои офатҳои табиӣ устувортар ва нисбат ба ниёзҳои занон ва духтарон ҳассостар месозад.
Дар лоиҳа инчунин баланд бардоштани сатҳи огаҳии аҳолӣ аз бемориҳои сироятӣ ва бемориҳое, ки аз ҳайвонот ба инсон мегузаранд, инчунин тавсеъаи дастгирии занон ва дигар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ пешбинӣ шудааст.
Таъсиси панҷ маркази махсуси ҳамгироӣ, ки ба занон ва духтарони хушунат осебдида ёрӣ мерасонанд, ба нақша гирифта шудааст.
Маблағи мазкурро манбаъҳои молии зерин ҷудо мекунанд:
- 28 миллион доллар кумак молӣ аз Сандуқи рушди осиёии БОР;
- 10,27 миллион доллар аз Сандуқи мубориза бо ҳамагириҳо, омодагӣ ва вокуниш ба онҳо;
- 3 миллион доллар аз сандуқӣ Ҷопон барои Осиёи шукуфону устувор ва минтақаи Уқёнуси Ором;
- 2 миллион доллар — аз Фонди иқлими сабз.
БОР — бонки пешрафтаи бисёрҷонибаи рушд аст, ки рушди устувор, фарогир ва тобовари минтақаи Осиё ва Уқёнуси Оромро дастгирӣ мекунад. БОР бо кишварҳо ва шарикони худ барои ҳалли муштараки вазифаҳои мураккаби рушд кор карда, аз воситаҳои инноватсионии молиявӣ ва шарикии стратегӣ барои дигаргун сохтани зиндагии мардум, эҷоди зерсохтори босифат ва ҳифзи сайёраи мо истифода мебарад.
Бокни осиёии рушд соли 1966 таъсис ёфта, 69 кишвар узви он мебошанд, ки 50-тои онҳо дар минтақа ҷойгиранд.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)