< Махсатулло Муъминов нахустин медали Тоҷикистонро аз Бозиҳои осиёӣ ба даст овард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Махсатулло Муъминов нахустин медали Тоҷикистонро аз Бозиҳои осиёӣ ба даст овард

Махсатулло Муъминов нахустин медали Тоҷикистонро аз Бозиҳои осиёӣ ба даст овард
Махсатулло Муъминов, варзишгари ҷавони тоҷик аввалин нишони Тоҷикистонро дар бистумин Бозиҳои осиёӣ, ки дар Ҷопон ҷараён доранд, ба даст овард. Ӯ дар риштаи карате-до WKF дар вазни то 55 кг баромад карда, ҷойи сеюм ва медали биринҷиро соҳиб шуд.

Чанд рӯз пеш Муъминов дар мусобиқаи дигари қитъавӣ- дар Қаҳрамонии WKF –и Осиё байни ҷавонон ва то 21 сол, ки аз 8 то 11-уми сентябр дар Урдун баргузор шуд, дар вазни 55 кг ғолиб омад. Дар ин мусобиқа 338 варзишгар аз 30 кишвар ширкат варзиданд.
Пеш аз Бозиҳои бистум дар Ҷопон, каратечиёни тоҷик ду маротиба дар Бозиҳои Осиё нишони биринҷӣ гирифта буданд: Исроил Исмоилов дар Хиросима соли 1994 ва Пусан дар соли 2002.

Махсатулло Муъминов аз рост. Акс аз Кумитаи тадорукоти мусобиқа
                                                                    
Ҳамин тариқ, пас аз 24 сол, Тоҷикистон бори дигар дар мусобиқаи карате медали Бозиҳои Осиёро ба даст овард.                                                              
Бозиҳои осиёӣ рӯзи 19-уми сентябр оғоз шуданд ва то 4-уми октябри дар шаҳрҳои Айти ва Нагояи Ҷопон бо ширкати варзишгарон аз 45 кишвар идома меёбанд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқот 105 варзишгар дар риштаҳои гуногун намояндагӣ мекунанд.

Барои мунтахаби Тоҷикистон ин бозиҳои нуҳуми Осиё ба ҳисоб меравад. Шурӯъ аз Хиросими Ҷопон дар соли 1994, дар ин мусобиқаҳо 35 медал — 6 тилло, 8 нуқра ва 21 биринҷӣ дарёфт кардааст.


Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий