< Футболбозони ҷавони тоҷик тими Афғонистонро бо ҳисоби калон мағлуб карданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Футболбозони ҷавони тоҷик тими Афғонистонро бо ҳисоби калон мағлуб карданд

Футболбозони ҷавони тоҷик тими Афғонистонро бо ҳисоби калон мағлуб карданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон дар бозии дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар Афғонистон ғалаба кард.

Ин дидор дар доираи гурӯҳи «D» шаби гузашта дар шаҳри Исои Баҳрайн баргузор шуда, бо ҳисоби 4:1 ба фоидаи ҷавонони тоҷик анҷом ёфт. Голҳои дастаи моро Рустам Камолов, Меҳрубон Одилзода ва Асадбек Махтумов ба ҳадаф расониданд. Як голи дигарро бозигари дастаи рақиб ба дарвозаи худ зад.

Мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон. Акс аз КФО


Дар бозии охири худ футболбозони ҷавони тоҷик рӯзи 6-уми сентябр бо ҳамсолонашон аз Урдун дидор мекунанд. Ҷавонони урдунӣ шаби гузашта Баҳрайнро, ки дар бозии аввал Тоҷикистонро шикаст дода буд, мағлуб карданд.
Пас аз ду давр дар гурӯҳи «D» Урдун садрнишин буда, Тоҷикистону Баҳрайн бо 3-имтиёзӣ мутаносибан зинаҳои дуюм ва сеюмро касб кардаанд. Афғонистон дар зинаи охири ҷадвали ин гурӯҳ қарор дорад.

Лаҳзае аз вохӯрии Тоҷикистон — Афғонистон. Акс аз КФО

Бозии Тоҷикистон — Урдун рӯзи 6-уми сентябр барои дастаи Рустам Хоҷаев, сармуррабии дастаи Тоҷикистон ҳалкунанда хоҳад буд, зеро футболбозони тоҷик имкон доранд, ки дар гурӯҳ ғолиб шаванд ё барои роҳ ёфтан ба Ҷоми Осиё-2027 аз зинаи дуюм шароитҳои хуб фароҳам оранд.
                                                                    
Ба даври ниҳоии мусобиқаи Ҷоми Осиё-2027-ум, 8 дастаи ғолиби гурӯҳҳо ва 7 дастаи беҳтарини зинаҳои дуюм роҳ меёбанд. Ҳамагӣ дар даври интихобӣ, дастаҳо барои дарёфти 15 роҳхат рақобат карда, Чин ба сифати мизбони мусобиқа аллакай роҳхат гирифтааст.

Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий