< Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон тамринро бо ҷудокорони пурқувват дар Қазоқистон оғоз кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон тамринро бо ҷудокорони пурқувват дар Қазоқистон оғоз кард

Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон тамринро бо ҷудокорони пурқувват дар Қазоқистон оғоз кард
Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон пас аз тамринҳо дар Душанбе ба Қазоқистон сафар кард, ки дар он ҷо дар як ҷамъомади бузурги байналмилалии тамринӣ иштирок дорад.

Ҷамъомади тамринӣ то 15-уми август дар пойгоҳи олимпии омодагӣ дар вилояти Алмато баргузор мешавад. Дар як толор беш аз 700 варзишгар аз 30 кишвар машқ мекунанд. Дар миёни иштирокчиён — қаҳрамонони олимпӣ, қаҳрамонони ҷаҳон, ғолибон ва ҷоизадорони бузургтарин мусобиқаҳои силсилаи ҷаҳонии Федератсияи ҷаҳонии ҷудо (IJF) ҳастанд.

Барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон ин имкониятест, ки пеш аз муҳимтарин мусобиқаҳои мавсимӣ, 10 рӯзро дар шароити рақобати ниҳоят баланд сипарӣ кунад. Дар Алмато, аз ҷумла, пешсафони дастаи Тоҷикистон Сомон Маҳмадбеков ва Обид Ҷебов низ ҳузур доранд.

Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Аз Душанбе — ба сӯи рақобати ҷаҳонӣ

Сафар ба Қазоқистон идомаи барномаи бузурги тамринии дастаи мунтахаб гардид. То ин вақт даста дар дохили кишвар омодагӣ медиданд. Марҳилаи аввали ҷамъомади тамринӣ дар Душанбе аз 6 то 20-уми июл, марҳилаи дуюм бошад, аз 25-уми июл то 4-уми август баргузор шуд. Ҷудокорон омодагии ҷисмонӣ, техника ва тактикаиро машқ карданд ва пас аз он ба Алмато сафар карданд.

Таминҳои хонагӣ имкон доданд, ки заминаи зарурии ҷисмонӣ фароҳам оварда шавад, машқҳои байналмилалӣ он чизеро медиҳад, ки дар доираи як даста ба таври комил ғайриимкон аст, — ивазшавии доимии шарикони пурқувват.

Дар 10 рӯз варзишгарони Тоҷикистон имконият пайдо мекунанд, ки бо намояндагони мактабҳои гуногуни ҷудо қувваозмоӣ кунанд. Ҳар як рақиб — тарзи қувваозмоиӣ, суръат, услуби мубориза ва хусусиятҳои тактикии худро дорад. Чунин таҷриба махсусан пеш аз мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ арзишманд аст, ки дар онҳо варзишгар дар як рӯз маҷбур мешавад бо рақибоне рӯ ба рӯ шавад, ки аз лиҳози услуб комилан гуногунанд.

Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Мусобиқаҳои муҳимт дар пешанд

Нимаи дуюми соли 2026 барои ҷудои Тоҷикистон пур аз рӯйдодҳо хоҳад буд. Аз ҷумла, рӯзи 30-юми сентябр дар Айчи ва Нагой мусобиқаҳои ҷудо дар доираи Бозиҳои Осиё-2026 оғоз мешаванд. Барои Тоҷикистон ин яке аз муҳимтарин мусобиқаҳои давраи чаҳорсола мебошад. Зимнан, дар назди дастаи мунтахаби Тоҷикистон вазифа танҳо мубориза барои ҷоизаҳои инфиродӣ нахоҳад буд. Рӯзи 3-юми октябр мусобиқаи даставӣ баргузор мешавад, ки дар он умқи ҳайати даста аҳамияти калон пайдо мекунад.

Дарҳол пас аз Бозиҳои Осиё озмоиши боз ҳам ҷиддитар — Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни калонсолон дар Боку, ки аз 4 то 10-уми октябр ба нақша гирифта шудааст, баргузор хоҳад шуд. Мусобиқаҳои даставӣ 11-уми октябр доир мегарданд.

Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Пас аз Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, тақвими байналмилалӣ идома меёбад. Охири моҳи октябр «Abu Dhabi Grand Slam», моҳи ноябр — «Zagreb Grand Prix» ва 5-6-уми декабр — «Tokyo Grand Slam» чун анъана пурқувваттарин ҷудокорони сайёраро қабул мекунад.
Аммо нуқтаи ниҳоии мавсим барои Тоҷикистон аҳамияти хосса дорад. Рӯзҳои 18-20-уми декабр Душанбе бояд мизбони «World Judo Masters 2026» — яке аз бонуфузтарин мусобиқаҳои тақвими байналмилалӣ гардад.


Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий