< Кумитаи дин ҷарима барои паёми “ҷумъа муборак”-ро рад кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Кумитаи дин ҷарима барои паёми “ҷумъа муборак”-ро рад кард

Кумитаи дин ҷарима барои паёми “ҷумъа муборак”-ро рад кард
Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон бо нашри як вокуниш сарусадо дар бораи таъйини ҷазо барои фиристодани навиштаи «Ҷумъа муборак» дар Тоҷикистонро рад кард ва гуфт, ки «барои табрики рӯзи ҷумъа ҳеҷ гуна ҷазо ё ҷаримае пешбинӣ нашудааст».
Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо сабтҳои садоие дар гардишанд, ки гӯё дар Тоҷикистон барои ирсолу бознашри паёмҳое ба монанди «sумъа муборак» ва амсоли он ҷаримаҳои сангин муайян шудаст.
Корбарони «Азия-Плюс» ҳам бо ирсоли паёмҳо аз мо хостанд, ки то куҷо саҳеҳ будани ин иттилоъро санҷида, хонандагонро огоҳ кунем.
                                    "                                          
»Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри чунин матлабҳоро иғвоангезона дониста, иттилоъ медиҳад, ки онҳо ҳеч гуна асоси воқеӣ надоранд», — омадааст дар вокуниши Кумитаи дин.
                                         
Аз ин пештар, Кумитаи дин хабарҳо дар мавриди манъи гузоштани риш ва пӯшидани сатру ҳиҷоб , дар сатҳи қонунгузориро, ки дар ки дар расонаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия нашр шуда буд, рад кард.
Дар ин хабарҳо иддао мешавад, ки барои нагирифтани риш ё пӯшидани сатр ҷаримаҳои сангин ҳам ҷорӣ шуда, афроди алоҳида маҷбуранд ҳар ҳафта акси риши тарошидаашонро ба мақомот фиристанд.

Эҳтимол чунин паёмҳо дар шабкаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо ҳам пас аз ин хабарҳо пайдо шуда бошад.
Бояд гуфт, ки солҳои қабл низ чунин хабарҳои носаҳеҳ миёни ҷомеа паҳн шуда буд, ки масъулин ҳамон вақт ҳам онро рад карда буданд.


Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий