Дар ноҳияи Данғара оид ба саҳми бузурги Ибни Сино ҳамоиш баргузор шуд
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабар доданд, дар ҷамъомад кормандони соҳаи тандурустии ноҳия иштирок намуда, бо маърузаҳои пурмуҳтаво масъалаҳои омӯзиши мероси илмии Ибни Сино, нақши ӯ дар ташаккули афкори илмӣ ва таъсири осораш ба рушди тиб ва фалсафаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Иброз гардид, ки осори безаволи ин мутафаккири бузург то имрӯз ҳамчун сарчашмаи муҳими дониш мавриди омӯзиш қарор дошта, дар рушди илму маърифати башар нақши арзишманд дорад.
Таъкид шуд, ки бо фармони Президенти Тоҷикистон 23 май Ҷоизаи байналмилалӣ ба номи Абуалӣ ибни Сино таъсис дода шуд. Дар ин замина баргузории чунин ҳамоишҳо барои таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи ифтихори миллӣ аҳамияти калон дорад.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)