Муттаҳам ба куштори ду зану як кӯдак дар Кӯлоб ба ҳабси абад маҳкум шуд
Додгоҳи вилояти Хатлон ба Валӣ Сафаралӣ, муттаҳам дар куштори ду зан ва як кӯдак дар Кӯлоб ҳукми абад содир кардааст.
Дар ин бора як манбаъ аз Додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 1-уми июл ба «Азия-Плюс» хабар дода, гуфт, ҳукми ӯ рӯзи 24-уми июн содир шудааст.
«Додрас Валӣ Сафаралиро бо иттиҳомӣ одамкушӣ (моддаи 104, қисми 2, бандҳои „а,в,д,е,л“ -и КҶ) муттаҳам дониста, ҷазои якумрӣ аз озодӣ маҳрум сохтан дар маҳбаси низомаш махсус таъин кард», — гуфт манбаъи мо аз ин додгоҳ.
Ба гуфтаи манбаъ, дар мурофиаҳо 10 кас чун шоҳид пурсида шуданд. Манбаъ гуфт, парвандаи мазкурро Аюбҷон Шарифзода, додраси Додгоҳи вилояти Хатлон баррасӣ кардааст.
Назари пайвандони марҳум ва вакили дифоъи онҳо дар робита ба ҳукми додгоҳ маълум нест. Мавқеи маҳкумшуда ва пайвандону вакили дифои ӯ ҳам ба ҳукми додгоҳ маълум нест.
Куштори хоҳарон Зуҳро Қурбоноваи 28-сола ва Таҳминаи Шоҳмаҳмади 20-сола ва хоҳарзодаи 6-солаашон дар шаҳри Кӯлоб дар шаби 2-юми апрел вокуниши тунди ҷомеаро ба вуҷуд овард. Ҷасади онҳоро рӯзи 2-юми апрел ба хок супориданд.

Қаблан, намояндаи Додситонии шаҳри Кӯлоб ба «Азия-Плюс» ҷузъиёти ин кушторро шарҳ дода, гуфта буд, ки Валӣ Сафаралии 32-сола дар пайи муноқишаи оилавӣ ва баъди он ба хонаи волидайнаш рафтани ҳамсару фарзандонаш «норозӣ шуда, қасди аз ҳаёт маҳрум сохтани Зуҳро Қурбоноваро кардааст».
Намояндаи додситонӣ гуфта буд, гумонзад рӯзи 1-уми апрел шабона пинҳонӣ ба ҳавлӣ ворид шуда, 5 корд ба қафаси сина ва шиками хоҳари ҳамсараш Таҳминаи Шоҳмаҳмад, ки ҳомиладор буд, задааст.
Ҳамчунин, ба қавли манбаъ, ӯ ба қафаси синаи Абубакр Қурбонови 6-сола, бо корд ду бор зада, Зуҳро Қурбоноваро 4 маротиба корд задааст. Абубакр Қурбонов, писари Фотима Қурбонова, хоҳари дигарии занони кушташуда мебошад, ки дар замони ҳодиса дар Русия буд.
То ҳол маълум нест, ки ангезаи куштори Таҳминаи Шоҳмаҳмад ва Абубакри 6-сола чӣ аст.
Назари гумонбар ва пайвандони марҳум дар робита ба ин ҳодиса дастраси расонаҳо нест. Ҷузъиёти бештари ин қазияро дар матлаби «Мақомот бори аввал ҷузъиёти куштори ду зану як кӯдак дар Кӯлобро шарҳ доданд» мутолиа кунед.
Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)