< Пайкари Алишер Мирзонаботро дар ноҳияи Рӯшон ба хок супориданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Пайкари Алишер Мирзонаботро дар ноҳияи Рӯшон ба хок супориданд

Пайкари Алишер Мирзонаботро дар ноҳияи Рӯшон ба хок супориданд
​Пайкари Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ-ро, ки дар як садамаи нақлиётӣ бо ҳамсару фарзанд ва ронандаву ёвараш дар як мошин ба дарё афтида буд, аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳин пайдо ва дар зодгоҳаш, деҳаи Шидзи ноҳияи Рӯшон ба хок супоридаанд.

Тибқи гузориши телевизиони «Тоҷикистон» дар маросими видоъ бо ӯ раиси палатаи поёнии порлумони кишвар, ёвари раисҷумҳур, раиси КДАМ ва дигар масъулон ширкат доштанд.

Ба иттилои манбаъ, Асадулло Раҳмон, ёрдамчии раисҷумҳур, паёми ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмонро ба наздикону пайвандони Алишер Мирзонабот ва сокини ВМКБ расондааст.

Ҷасади Алишер Мирзонабот пас аз наздики ду ҳафтаи сарозер шудани мошини хидматиаш ба дарёи Панҷ, субҳи 30-юми июн об берун оварда шуд.

Ба иттилои КҲФ ҷустуҷӯи ҷасадҳои боқимонда, яъне ҳамсар ва фарзанди хурдсоли раиси вилоят идома дорад. Қаблан ҷасади ёвар ва ронандаи Алишер Мирзонабот пайдо шуда буд.
                                                                                
                                            
                                            
                                                     "                 "                                       Мошини хидматии Алишер Мирзонабот субҳи 17-уми июн ҳангоми бозгашт аз Душанбе ба Хоруғ дар километри 282-юми шоҳроҳи «Душанбе-Хоруғ», дар байни деҳаҳои Зиғар ва Яхчисори ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ афтод.
ВКД сабаби ҳодисаро «суръати баланди ҳаракат» ва «аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадани» ронанда гуфт.

Ба иттилои КҲФ дар мошин шахсони зерин ҳузур доштанд:

–Алишер Мирзонабот — раиси ВМКБ;
— Амина Амонуллоева (46-сола) — ҳамсари ӯ;
— Орифа Мирзонаботзода (2-сола) — духтари ӯ;
— Садоншо Ҷанобалишо (37-сола) — ёвари раис;
— Сино Муборакшоев (42-сола) — ронанда.

Алишер Мирзонабот, ки ҳамзамон муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон буд, 16-уми июн дар ҷаласаи навбатии ин ниҳоди қонунгузор ширкат дошт. Ӯ то таъин шуданаш ба ҳайси раиси ВМКБ дар соли 2021, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) буд. Алишер Мирзонабот зодаи ноҳияи Рӯшони ВМКБ мебошад.

Пас аз марги нобаҳангоми Алишер Мирзонабот иҷрои вазифаҳои ӯ ба дӯши Шарифхон Сафарзода, муовини якуми ӯ вогузор шудааст.

Сарчашма: asiaplus.news​

Комментарии (0)

Оставить комментарий