Ин мусобиқа, ки имсол ба Рӯзи ҷаҳонии футбол ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ бахшида шуда буд, аз 16-уми май то 26-уми июн идома ёфт ва дар он 40 даста аз вазорату кумитаҳо, идораҳо, муассисаҳои давлатӣ, бонкҳо, корхонаҳо ва ташкилоти кишвар иштирок карданд.
Дар роҳи пирӯзӣ дастаи «Вавилон-М» дастаҳои Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва КДАМ-ро бо ҳисоби якхелаи 7:1 мағлуб кард. Дар бозии чорякниҳоӣ бошад, дастаи Бонки миллии Тоҷикистонро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод.
Дар даври ниманиҳоӣ бо дастаи ВКД бозӣ кард ва вақти асосии бозӣ бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт. Дар силсилаи зарбаҳои пеналтӣ дастаи «Вавилон-М» бо ҳисоби 5:4 пирӯз шуд.
Дар бозии ниҳоӣ дастаи «Вавилон-М» дастаи «СРИҶҶ"-ро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карда, соҳиби «Ҷоми шаҳрдори Душанбе» шуд. Ҷоми мусобиқаро Искандар Ҷалилов, муовини президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба дастаи «Вавилон-М» супорид. Бояд гуфт, ин мусобиқаи анъанавӣ байни дастаҳои ниҳодҳои давлатӣ ва ташкилоти ғайридавлатӣ баргузор мешавад ва имсол он ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Комментарии (0)