“Бемории қалбу қанд дошт”. Бахтиёр Раҳимовро нисфирӯзии имрӯз дар Ҳисор ба хок месупоранд
Бахтиёр Раҳимов, роҳбари гурӯҳи ҳаҷвии “Ғарибшо-кампания” ва ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик шаби гузашта аз олам чашм бастааст. Дар ин бора яке аз наздиконаш ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, Раҳимов 56 сол дошт ва бар асари фишори паст дунёро тарк кард.
“Нисфирӯзии дирӯз ба осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ”-и Ҳисор рафта буданд. Шомгоҳ чанд соат баромад карда, мардумро механдонанд ва навбатро ба овозхоне медиҳанду худ ба пушти саҳна рафта, мегӯянд, ки саломатиам хуб нест. Духтур омада мебинад, ки фишор то 30 паст шудааст. Дар ҳамон ҷо, калима мегардонанду “модар-модар” мегӯянд ва тахмин соатҳои 21 ҷон месупоранд”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Бахтиёр Раҳимов, ба гуфтаи наздиконаш, ҳам бемории қалб ва ҳам қанд дошт ва барои табобат мехост ба Ҳиндустон сафар кунад.
Маросими ҷанозаи ӯ имрӯз, 1-уми июл, пас аз намози пешин, дар деҳаи Ноҷии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад.
Бахтиёр Раҳимов роҳбари гурӯҳи ҳаҷвии “Ғарибшо кампания” буд ва худаш ҳам бо тахаллуси “Ғарибшо” шӯҳрат дошт. Ин гурӯҳи ҳаҷвӣ соли 2000 таъсис шуда буд ва Раҳимов аз чеҳраҳои калидии он ба шумор мерафт.
Ду соли пеш, ба муносибати Рӯзи ханда, мо бо Бахтиёр Раҳимов мусоҳиба ороста будем. Дар асл мо нақша доштем, ки бо роҳбари гурӯҳи “Ғарибшо” аз вазъи ҳаҷв гӯему хандем, вале он рӯз ӯро гулӯгири дард дарёфтем.
Бахтиёр Раҳимов он вақт дилсардона гуфта буд, “ҳаҷв мегӯянд, ҳаҷвнигор мегӯянд, ханда мегӯянд… Аммо ман фикр мекунам, ки ҳаҷв мурдаву ханда дар мотамаш нишастааст. Ҳаҷвнигор мисли ятим ва нафари ба касе нодаркор аст”.
Ӯ гила мекард, ки ба чорабиниҳои давлативу фарҳангӣ ва барномаҳои телевизионӣ даъват намешавад ва ҳатто се вазири фарҳанги ахирро рӯбарӯ надидааст.
Мусоҳибаи Бахтиёр Раҳимовро дар ин пайванд мутолиа кунед.
Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)