Ҳамаи ҷуфтҳои даври чаҳорниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 маълум шуданд
Пас аз анҷоми марҳилаи ҳаштякниҳоӣ Ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2026 ҷадвали пурраи рақобати дастаҳо маълум шуд.
Барои дарёфти ҷом, 8 даста мубориза бурда, имсол дорандаи Ҷоми футболи кишвар нав мешавад, зеро соҳиби ҷоми соли пешин- тими «Регар-ТадАЗ» ва қаҳрамони чандинкаратаи ҷумҳурӣ — дастаи «Истиқлол» пеш аз муҳлат аз идомаи ин мусобиқа маҳрум шуданд.
Ҷуфтҳои даври чаҳорякниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 чунин аст:
«Эсхата» — «Панҷшер»;
«Сардор» — «Истаравшан»;
«Равшан» — «Парвоз»;
«Вахш» — «Хуҷанд».
Бояд гуфт, ки дар ин марҳилаи мусобиқа дар чор ҷуфт дастаҳои шимол ва ҷануби кишвар байи ҳам рақобат карда, аз ҷумла рақобат байни тимҳои «Вахш» ва «Хуҷанд» ҷолибу тамошобоб хоҳад буд.
Дар ин давр дастаҳо ду маротиба (дар хона ва меҳмонӣ) бо ҳам рақобат карда, аз рӯйи натиҷаи он ба даври нимниҳоӣ роҳ меёбанд.

Ҷадвали вохӯриҳои муобиқаи Ҷоми футболи Тоҷикистон. Акс аз Лмигаи футболи ҶТ
Ҳамчунин, тими «Панҷшер» ягона намояндаи Лигаи якуми футболи ҷумҳурӣ мебошад, ки дар ин марҳила бо тими «Эсхата» рақобат мекунад.
Вохӯрии финалӣ барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 дар шаҳри Бохтар доир мегардад. Ғолиб бо 200 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуда, ҳамчунин ба мусобиқаи Лигаи даъвати Конфедератсияи футболи Осиё роҳхат мегирад.
Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)