Мансабдорону кормандон дар Тоҷикистон минбаъд бояд ҳар рӯз 20 дақиқа варзиш кунанд
Дар Тоҷикистон аз ин пас тамоми корфармоён вазифадор шудаанд, ки барои кормандони худ ҳар рӯз на камтар аз 20 дақиқа машқҳои ҷисмонӣ ташкил кунанд. Мақсади ин кор пешгирӣ аз фарбеҳӣ ва паҳншавии бемории диабети қанд зикр мешавад.
Дар ин робита дар Кодекси тандурустии Тоҷикистон банди махсус илова шудааст, ки рӯзи 10-уми июн аз ҷониби Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор гифтаву қабул шуд ва рӯзи 17-уми июн раисҷумҳури кишвар онро тасдиқ кард.
Музаффар Ашуриён, вазири адлия дар парлумон онро тавзеҳ дода, гуфтааст, ки ин тағйирот дар асоси амри раисҷумҳури Тоҷикистон аз 14-уми феврали соли 2026 «бо мақсади пешгирии пайдоиш ва табобати саривақтии бемории диабети қанд» таҳия гардидааст.
Вазири адлия таъкид кардааст, ки ин уҳдадории нав ба тамоми идораҳо, ширкатҳо ва корхонаҳо — чӣ давлатӣ ва чӣ хусусӣ — дахл дорад.
"
Сохтаи ҳушвора
Тибқи гуфтаи ӯ, минбаъд роҳбарони ҳамаи муассисаҳо ҳам вазифадоранд, ки барои кормандони худ шароити варзишро муҳайё кунанд ва худашон ҳам ба машқҳои ҷисмонӣ машғул шаванд. Барои риоят накардани ин талабот чораи интизомӣ татбиқ мешавад.
Бояд гуфт, ки то кунун дар бархе коргоҳҳои давлативу хусусӣ субҳи рӯзҳои шанбе «машқи пагоҳирӯзӣ» мешуд ва кормандон дар ин ё он боғ ба варзиш машғул мешуданд.
Зимнан, Тоҷикистон барои мубориза ба диабети қан ва фарбеҳӣ чанд санаду барномаҳои махсус қабул кардааст, вале солҳои охир вазъи гирифторӣ ба ин беморӣ ҳамоно ташвишовар шумурда мешавад. БаТибқи иттилои Радиои Озодӣ то соли 2025 дар кишвар тақрибан 82 ҳазор гирифторони бемории диабети қанд сабти ном шудаанд.
Камҳаракатӣ, вазни зиёд ва ғизои серравғанро, ки дар Тоҷикистон зиёд истеъмол мекунанд, аз сабабҳои аслии афзоиши ин беморӣ дар кишвар медонанд.
Сарчашма: asiaplus.news

»Ба масъулияти корфармоён, новобаста аз шакли моликият ва шахсони мансабдор, гузаронидани машқҳои мунтазами ҷисмонӣ на камтар аз 20 дақиқа дар як шабонарӯз илова карда шуд», — гуфтааст Ашуриён.

Тибқи гуфтаи ӯ, минбаъд роҳбарони ҳамаи муассисаҳо ҳам вазифадоранд, ки барои кормандони худ шароити варзишро муҳайё кунанд ва худашон ҳам ба машқҳои ҷисмонӣ машғул шаванд. Барои риоят накардани ин талабот чораи интизомӣ татбиқ мешавад.
Бояд гуфт, ки то кунун дар бархе коргоҳҳои давлативу хусусӣ субҳи рӯзҳои шанбе «машқи пагоҳирӯзӣ» мешуд ва кормандон дар ин ё он боғ ба варзиш машғул мешуданд.
Зимнан, Тоҷикистон барои мубориза ба диабети қан ва фарбеҳӣ чанд санаду барномаҳои махсус қабул кардааст, вале солҳои охир вазъи гирифторӣ ба ин беморӣ ҳамоно ташвишовар шумурда мешавад. БаТибқи иттилои Радиои Озодӣ то соли 2025 дар кишвар тақрибан 82 ҳазор гирифторони бемории диабети қанд сабти ном шудаанд.
Камҳаракатӣ, вазни зиёд ва ғизои серравғанро, ки дар Тоҷикистон зиёд истеъмол мекунанд, аз сабабҳои аслии афзоиши ин беморӣ дар кишвар медонанд.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)