Муштзанони тоҷик дар радабандии ҷаҳонии бокс. Кӣ дар кадом мавқеъ аст?
Федератсияи байнулмилалии «World Boxing» радабандии нави ҷаҳонии муштзанонро нашр кард. Дар ин шохис, натиҷаҳои варзишгарон аз моҳи июли соли 2025 то майи соли 2026 бо шумули мусобиқаҳои калидӣ — мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Улан-Батор ва марҳилаи Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ба инобат гирифта шудааст.
Дар радабандии нав, якбора чанд муштзани тоҷик ба бистгонаи аввал дар вазнҳои худ шомил шуданд:
— Парвиз Каримов дар вазни 90 кг бо 500 имтиёз дар зинаи 7-ум;
— Некрӯз Салимов дар вазни 80 кг бо 300 имтиёз зинаи 11-ум;
— Мижгона Самадова, дар вазни 57 кг бо 300 имтиёз дар зинаи 12-ум;
— Анӯшервон Фозилов дар вазни 55 кг бо 150 имтиёз дар зинаи 12-ум;
— Шамшер Саидов дар вазни 70 кг бо 150 имтиёз дар зинаи 12-ум;
— Муҳаммад Аброридинов дар вазни зиёда аз 90 кг бо 150 имтиёз дар зинаи 18-ум.
Натиҷаи нисбатан баландро миёни муштзанони тоҷик Парвиз Каримов дорад. Ӯ дар сафи даҳгонаи аввали вазни худ ҷой гирифта, зинаи ҳафтумро касб кардааст.

Парвиз Каримов. Акс аз Федератсияи бокси Тоҷикистон
Радабандӣ чӣ гуна таҳия мешавад?Низоми «World Boxing» натиҷаҳои варзишгаронро дар мусобиқаҳои калидӣ: Бозиҳои олимпӣ, мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, Ҷоми ҷаҳон, мусобиқоти қаҳрамонии минтақа ва дигар мусобиқоти бузурги байнулмилалӣ ба назар мегирад. Барои иштироку ҳунарнамоӣ дар ин мусобиқот имтиёзҳо дода шуда, дар доираи силсилаи сесола ҷамъбаст мешаванд. Дар ҳамин ҳол, на бештар аз чор натиҷаи беҳтарини ҳар кадоме аз муштзанон ба инобат гирифта мешавад.
Радабандӣ дар интихобу ҷойгузории варзишгарон дар мусобиқоти байналмилалӣ нақши муҳим дошта, инчунин ба мақоми онҳо дар бокси ҷаҳонӣ таъсир мерасонад.
Бо вуҷуди дар берун аз ҳудуди 10-гонаи аввал қарор доштани аксари намояндагони Тоҷикистон, худи далели ҳузури онҳо дар радабандии ҷаҳонӣ аз болоравии сатҳи даста гувоҳӣ медиҳад. Бахусус муҳим аст, ки якбора якчанд муштзанон дар ҳудуди зинаҳои 10-15-ум қарор доранд, ки дар сурати ҳунарнамоии мувваффақона дар мусобиқоти наздик метавонанд ба зинаҳои хеле болотар ҷаҳанд.
Аллакай моҳи июн мусобиаи бузурги Ҷоми ҷаҳони «World Boxing» дар Чин баргузор гардида, сипас мусобиқоти қаҳрамонии Аврупо ва Бозиҳои Осиё оғоз мешаванд. Маҳз ҳамин мусобиқаҳо метавонанд ба мавқеи намояндагони Тоҷикистон дар радабандӣ таъсири назаррас гузоранд.
Сарчашмаф: asiaplus.news

Комментарии (0)