Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон омодагиро бо роҳбарии сармураббии нав оғоз кард
Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон омодагиҳоро ба мусобиқаҳои калидии мавсим оғоз кард. Ҷамъомади машқу тамринҳои даста дар дараи Ромит мегузаранд.
Мувофиқи тарҳи аз ҷониби мураббӣ таҳияшуда варзишгарон дар як рӯз се маротиба машқу тамринҳо карда, ба такмили техника, омодагии ҷимонӣ ва дигар ҷанбаҳои муҳими тайёрӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд.
Дар ҷараёни ҷамъомад ба варзишгарон воситаҳои доруворӣ (фармакологӣ) дода шуданд, ки барои бақарор гардидан, нигаҳдории омодагии ҷисмонӣ ва баланд бардоштани самаранокии ҷараёни тамринҳо равона шудаанд.
Вохӯрӣ бо мутахассис дар соҳаи тибби варзишӣ ва дорусозӣ Зураб Кахабарашвили аҳаммияти махсус дошт. Коршиноси хориҷӣ барои варзишгарону мураббиён семинар гузаронида, дар ҷараёни он доир ба тарзу усулҳои муосири истифодаи воситаҳои доруворӣ дар варзиш маълумоти муфассал дод.
Кахабарашвили ба якчанд ҷанбаҳои калидӣ таваҷҷуҳ кард: истифодаи дуруст ва ҳадафноки маводу дастгоҳҳои барқароркунанда, талаботи қатъии меъёрҳои байнулмилалии зиддидопингӣ, ҳифзи солимии варзишгарон ҳамчун афзалият дар касби дарозмуҳлат.
Ҷудокорони тоҷик бо Зураб Кахабарашвили. Акс аз Федератсияи ҷудои ҶТ
Дар пеш мусобиқаҳои калидии мавсим
Аллакай моҳҳои наздик мунтахаби ҷудои Тоҷикистонро тақвими пурмуҳтаво ва муҳими мусобиқаҳои байнлмилалӣ интизор аст. Озмоиши асосии тирамоҳ мусобиқаи ҷудо дар Бозиҳои Осиё Айти-Наго (Ҷопон) хоҳад шуд, ки аз 30 сентябр то 3 октябр баргузор мешавад.
Дарҳол пас аз ин таваҷҷуҳ ба мусобиқаи қаҳрамонӣ миёни калонсолон дар Боку (4-10 октябр) равона мешавад. Ин мусобиқа аз лиҳози дарёфти имтиёзҳои радабандӣ ва санҷиши сатҳи дастаи мунтахаб дар пасманзари ҷудокорони беҳтарини сайёра калидӣ хоҳад буд.
Мусобиқаҳо дар хона низ аз аҳаммият дур нестанд. Рӯзҳои 24-25 октябр Душанбе нахустин дар таърих мусобиқаи Junior Grand Prix-ро пазиройӣ мекунад, ки дар он беҳтарин ҷудокорони ҷавон ҳунарнамоӣ мекунанд. Рӯзҳои 18-20 декабр пойтахти Тоҷикистон ба маркази ҷаҳонии ҷудо табдил хоҳад ёфт. Дар ин ҷо мусобиқаи World Judo Masters доир мегардад.
Ғайр аз ин, наврасон дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Тошканд (1-3 ноябр) иштирок карда, варзишгарони ҷавон имкон пайдо мекунанд, ки маҳорату малакаи худро дар Бозиҳои олимпии наврасон дар Дакар (19-21 ноябр) намоиш диҳанд.
Сарчашма: asiaplus.news
Мувофиқи тарҳи аз ҷониби мураббӣ таҳияшуда варзишгарон дар як рӯз се маротиба машқу тамринҳо карда, ба такмили техника, омодагии ҷимонӣ ва дигар ҷанбаҳои муҳими тайёрӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд.
Дар ҷараёни ҷамъомад ба варзишгарон воситаҳои доруворӣ (фармакологӣ) дода шуданд, ки барои бақарор гардидан, нигаҳдории омодагии ҷисмонӣ ва баланд бардоштани самаранокии ҷараёни тамринҳо равона шудаанд.
Вохӯрӣ бо мутахассис дар соҳаи тибби варзишӣ ва дорусозӣ Зураб Кахабарашвили аҳаммияти махсус дошт. Коршиноси хориҷӣ барои варзишгарону мураббиён семинар гузаронида, дар ҷараёни он доир ба тарзу усулҳои муосири истифодаи воситаҳои доруворӣ дар варзиш маълумоти муфассал дод.
Кахабарашвили ба якчанд ҷанбаҳои калидӣ таваҷҷуҳ кард: истифодаи дуруст ва ҳадафноки маводу дастгоҳҳои барқароркунанда, талаботи қатъии меъёрҳои байнулмилалии зиддидопингӣ, ҳифзи солимии варзишгарон ҳамчун афзалият дар касби дарозмуҳлат.
Ҷудокорони тоҷик бо Зураб Кахабарашвили. Акс аз Федератсияи ҷудои ҶТДар пеш мусобиқаҳои калидии мавсим
Аллакай моҳҳои наздик мунтахаби ҷудои Тоҷикистонро тақвими пурмуҳтаво ва муҳими мусобиқаҳои байнлмилалӣ интизор аст. Озмоиши асосии тирамоҳ мусобиқаи ҷудо дар Бозиҳои Осиё Айти-Наго (Ҷопон) хоҳад шуд, ки аз 30 сентябр то 3 октябр баргузор мешавад.
Дарҳол пас аз ин таваҷҷуҳ ба мусобиқаи қаҳрамонӣ миёни калонсолон дар Боку (4-10 октябр) равона мешавад. Ин мусобиқа аз лиҳози дарёфти имтиёзҳои радабандӣ ва санҷиши сатҳи дастаи мунтахаб дар пасманзари ҷудокорони беҳтарини сайёра калидӣ хоҳад буд.
Мусобиқаҳо дар хона низ аз аҳаммият дур нестанд. Рӯзҳои 24-25 октябр Душанбе нахустин дар таърих мусобиқаи Junior Grand Prix-ро пазиройӣ мекунад, ки дар он беҳтарин ҷудокорони ҷавон ҳунарнамоӣ мекунанд. Рӯзҳои 18-20 декабр пойтахти Тоҷикистон ба маркази ҷаҳонии ҷудо табдил хоҳад ёфт. Дар ин ҷо мусобиқаи World Judo Masters доир мегардад.
Ғайр аз ин, наврасон дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Тошканд (1-3 ноябр) иштирок карда, варзишгарони ҷавон имкон пайдо мекунанд, ки маҳорату малакаи худро дар Бозиҳои олимпии наврасон дар Дакар (19-21 ноябр) намоиш диҳанд.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)