< Дар Душанбе як корхонаи доруҳои қалбакиро ошкор кардаанд. Онҳо кадом доруҳоро истеҳсол мекарданд? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Душанбе як корхонаи доруҳои қалбакиро ошкор кардаанд. Онҳо кадом доруҳоро истеҳсол мекарданд?

Дар Душанбе як корхонаи доруҳои қалбакиро ошкор кардаанд. Онҳо кадом доруҳоро истеҳсол мекарданд?
Дар Душанбе як корхонаи ғайриқонунии истеҳсоли доруҳои қалбакиро ошкор ва аъзои «як гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ"-ро дастгир кардаанд, хабар медиҳад Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) дар Душанбе.

Ба иттилои пулиси пойтахт, аъзои ин гурӯҳ бо мақсади ба даст овардани фоидаи зиёди молӣ дар маҳаллаи Чилмеҳроби Шоҳмансур ба истеҳсол ва ба муомилот баровардани доруҳои бесифат ва қалбакӣ машғул гардидаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, Отабек Дадаҷонов, ки роҳбари ин гурӯҳ аст, бо ташкили ширкати «Молекула» ба истеҳсоли дору ва Абдураҳим
Ҷабборов, як узви ин гурӯҳ бо ташкили ширкати «Шоҳин» ба истеҳсоли қуттиҳои коғазӣ ва борҷомаҳо барои доруҳо машғул шудаанд.

Отабек Дадаҷонов. Намогирифт аз гузориши РВКД дар Душанбе
                                    "                                          
»Гумонбарон бе иҷозатномаи махсус дар шароити ғайрибеҳдоштӣ ба истеҳсоли доруҳои ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ набуда, ки барои истеъмоли беморон, махсусан кӯдакон пешбинӣ шудаанд, аз қабили хока ва шарбатҳои «Нурофен», «Амрабене Экстра», «Парасетамол», «Амброксол», «Лазолван», «Терафлю» ва дигар доруҳо машғул шуданд», — гуфта мешавад дар гузориши пулиси пойтахт.
                                         
Ба иттилои ин ниҳод, аз ин гурӯҳ дар маҷмӯъ 35 ҳазору 900 дона шарбат, 405 ҳазору 920 дона қуттии шарбатҳо бо дастурамалҳо, коғазҳо ширешкунанда ва зарфҳои шишагину пластикии 100-грамма дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Ҳамчунин, аз анбори ин гурӯҳ зиёда аз 600 килограмм хокаи махсус ва аз коргоҳи ин гурӯҳ 10 таҷҳизоти истеҳсоли дору дарёфту мусодира шудаст.

Гумонбароне, ки барои истеҳсол ва фурӯши доруҳо дастгир шуданд. Намогирифт аз гузориши РВКД дар Душанбе


Ба иттилои пулиси пойтахт, Отабек Дадаҷонови 43-сола, роҳбари ин гурӯҳ қаблан барои қаллобӣ, сохтакорӣ ва фиреби истеъмолкунандагону ғасби замин ба додгоҳ кашида шудааст.

РВКД дар Душанбе мегӯяд, ҳаммасслакони Дадаҷонов, Абдураҳим Ҷабборов, Пайрав Халифаев ва Далер Бобоев низ дастгир шудаанд. 
Нисбати ҳамаи аъзои ин гурӯҳ, барои истеҳсоли маҳсулоти ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ набуда (моддаи 209), истеҳсоли доруи қалбакӣ (моддаи 210 иловаи 1), истифодаи ғайриқонунии тамғаҳои молӣ (моддаи 275) ва фиреби истеъмолкунандагон (моддаи 294) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтиш идома дорад. Ин моддаҳои қонунгузорӣ аз ҷарима то 8 соли зиндонро пешбинӣ мекунанд.

Ҳамасола дар кишвар садҳо доруи қалбакӣ ва бесифат аз фурӯш барчида шуда, нобуд карда мешаванд. Ҳамчунин, гоҳо сокинони кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз сифати доруҳои харидаашон шикоят карда, менависанд, ки онҳо таъсири лозимӣ надоранд ё шояд қалбакӣ бошанд. Чӣ гуна метавон худро аз доруҳои қалбакӣ эмин нигоҳ дошт? Дар пайванди маводи мо хонед.


Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий