< Владимир Ғуломҳайдаров – “Пелеи тоҷик” дар 80-солагӣ даргузашт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Владимир Ғуломҳайдаров – “Пелеи тоҷик” дар 80-солагӣ даргузашт

Владимир Ғуломҳайдаров – “Пелеи тоҷик” дар 80-солагӣ даргузашт
Владимир Ғуломҳайдаров, ситораи футболи тоҷик, ки бо номи Пелеи тоҷик ҳам маъруфият дошт, дар 80-солагӣ даргузашт.

Дар ин бора имрӯз, 15-уми июн, Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода, гуфт, ки ин чеҳраи шинохтаи футболи тоҷик дар шаҳри Маскав вафот кардааст. Федератсия ҷузъиёти дигаре дар ин маврид ироа накардааст.

Ғуломҳайдаров, ки дар замони футболбозӣ аслан дар хатти миёнаи майдон бозӣ мекард, дар дастаҳои «Энергетик» (Душанбе), «Торпедо» (Маскав) ва «Помир» ҳунарнамоӣ кардааст. Ӯ аввалин футболбози тоҷик буд, ки дар дастаи мунтахаби олимпии Иттиҳоди Шӯравӣ бозӣ кард ва дар 8 рақобат 3 гол зад.
                                                                   
 Ба иттилои ФФТ, Ғуломҳайдаров аз соли 1978 ба фаъолияти мураббигарӣ бардошта, дар дастаҳои «Помир», «Вахш» ва тими миллии Тоҷикистон (соли 1994) ҳамчун сармураббӣ кор кардааст. Ӯ ҳамчунин, дар чанде аз дастаҳои Қазоқистон ҳам фаъолият доштааст.
                                                             
ФФТ саҳми Ғуломҳайдаровро дар рушди футболи тоҷик «арзанда» тавсиф карда, гуфтааст, ки «номи ӯ ҳамеша дар хотираи мухлисон, ҳамкасбон ва шогирдонаш боқӣ хоҳад монд».

Ин чеҳраи маъруфи футболи тоҷик 28-уми феврали соли 1946 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада буд. Владимир Ғуломҳайдаровро яке аз беҳтарин футболбозони тоҷики асри XX меноманд. Ҳунари волою малакаи олии бозиаш дили мухлисонро тасхир карда буд. Ӯ солҳои охир бознишаста шуда, дар Қазоқистон зиндагӣ мекард.

Аз соли 2013 дар Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявии футбол миёни наврасон барои ҷоизаи Владимир Ғуломҳайдаров баргузор мешавад, ки ӯ ҳамеша ба ҳайси меҳмони фахрӣ ширкат мекард.


Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий