< Муовини вазири тандурустӣ: “Дар Тоҷикистон дастгирии шахсони маъюб қисми ҷудонашавандаи сиёсати давлатӣ мебошад” » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Муовини вазири тандурустӣ: “Дар Тоҷикистон дастгирии шахсони маъюб қисми ҷудонашавандаи сиёсати давлатӣ мебошад”

Муовини вазири тандурустӣ: “Дар Тоҷикистон дастгирии шахсони маъюб қисми ҷудонашавандаи сиёсати давлатӣ мебошад”
​Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номбурда зимни баромади хеш иброз дошт, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгирии шахсони дорои маъюбӣ ва пиронсолон қисми ҷудонашавандаи сиёсати давлатӣ мебошад, ки ба тақвияти сармояи инсонӣ ва таъмини рушди устувор нигаронида шудаанд.

«Таҳти роҳбарии Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати иҷтимоии давлатиро пайваста амалӣ намуда, сарфи назар аз мушкилоти мавҷудаи иқтисодӣ ва демографӣ, сармоягузорӣ ба инсонро шарти муҳимтарини рушди дарозмуддати кишвар медонад», — менависад манбаъ аз қавли муовини вазир.

Иттилоъ дода мешавад, ки Ҳабибулло Хайруллозода иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон дар марҳилаҳои ниҳоии омодагӣ барои тасдиқи Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон қарор дорад.

Гуфта мешавад, ки дар маҷмуъ конфронс имконият фароҳам овард, ки уҳдадориҳои Тоҷикистон дар самти фарогирии шахсони дорои маъюбият мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамкориҳои стратегӣ таҳким ёбанд, самтҳои афзалиятнок муайян карда шаванд ва барои таъмини татбиқи самараноки Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон ба манфиати шахсони дорои маъюбият дар саросари кишвар дастгирии техникӣ ҷалб гардад.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий