< Бозии 100-ум. Ба капитани тими миллии Тоҷикистон мошини барқӣ туҳфа карданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Бозии 100-ум. Ба капитани тими миллии Тоҷикистон мошини барқӣ туҳфа карданд

Бозии 100-ум. Ба капитани тими миллии Тоҷикистон мошини барқӣ туҳфа карданд
​Ба муносибати ин рӯйдоди таърихӣ аз номи роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Аҳтам Назаров, капитани тими миллии Тоҷикистон автомобил тақдим карда шуд.

«Аз самими қалб ба роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои чунин туҳфаи арзишманд ва хотирмон миннатдории худро баён мекунам. Эҳсоси дастгирӣ ва эҳтиром барои ман бисёр хушоянд аст. Ин на танҳо барои ман мояи хушҳолӣ, балки барои ҳамаи бозигарон ангезаи бузургест, то боз ҳам бештар заҳмат кашида, ба дастовардҳои нав ноил гарданд», — навиштааст маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон аз қавли Аҳтам Назаров.

Ҳамчунин, капитани тими миллии Тоҷикистон иброз доштааст, ки барояш Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ намояндагӣ кардан ва узви мунтахаби миллӣ будан ифтихори бузург аст.

Сарчашма:​

Комментарии (0)

Оставить комментарий