Ҳама ҷарима шуданд. Ҳукми зердастони пешини Исматулло Абдуллозода содир шудааст
Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми панҷ тан аз мансабдорони пешини Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо, ки якҷо бо раиси пешини ин фурудгоҳ Исматулло Абдуллозода ба тарасарруфи 1 миллиарду 245 миллион сомонӣ, муодили беш аз сад миллион доллар гумонбар мешуданд, содир кардааст.
Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дода, навишт, ки ҳукми Додгоҳи шаҳри Душанбе нисбати Аслиддин Маликзода, Муҳриддин Давлатов, Парвиз Исматуллоев, Тағоймурод Ҷӯраев ва Муқим Холов, мансабдорони пешини фурудгоҳ 30-юми январ содир шудааст ва ин онҳо бо супоридани ҷарима озод шудаанд.
Онҳо, ба гуфтаи манбаъ, ба «азхудкунӣ, исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон, сохтакорӣ ва ба каси дигар додани ҳуҷҷат ва мукофоти давлатӣ» гунаҳкор шуда, нисбаташон чунин ҳукм содир шудааст:
— Аслиддин Маликзода, муовини пешини раиси фурудгоҳ — 138 ҳазору 750 сомонӣ;
— Муҳриддин Давлатов, раҳбари пешини хадамоти таъминот ва хидматрасонии фурудгоҳ — 165 ҳазор сомонӣ;
— Тағоймурод Ҷӯразода, хазинадори пешини фурудгоҳ — 157 ҳазору 500 сомонӣ;
— Парвиз Исматуллозод, сармуҳосиби пешини фурудгоҳ — 187 ҳазору 500 сомонӣ;
— Муқим Холов, собиқ мудири анбори фурудгоҳ — 150 ҳазор сомонӣ.
Додгоҳ чор нафарро ба ҷуз Аслиддин Маликзода се сол аз гирифтани ҳама гуна мансаб маҳрум кардааст.
"
Ба иттилои ин расона, парвандаи Исматулло Абдуллозода дар Додгоҳи олӣ ҷудо аз парвандаи ин панҷ нафар баррасӣ шуда, ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст ва «баъд аз шунидани музокираҳо санади судӣ қабул карда мешавад».
Мақомдорони пешини Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе моҳи майи соли 2025 ҳамроҳ бо роҳбари худ Исматулло Абдуллозода бо сабаби «ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияташон зимни санҷиши молиявӣ» аз вазифа озод ва боздошт шуда буданд.
Онҳо ба тасарруфи 1 миллиарду 245 миллион сомонӣ маблағи фурудгоҳ тавассути «ширкатҳои якрӯза» гумонбар мешуданд. Танҳо Исматулло Абдуллозода ба тасарруфи 961 млн сомонӣ ё муодили қариб 100 млн доллар гумонбар мешуд. Вале ҳамаи онҳо пас аз чор моҳ, бо пардохти як қисми зарар бо шарти берун нарафтан аз ҷойи зист аз боздоштгоҳ раҳо шуданд.
Парвандаи мансабдорони пешини Фурудгоҳи Душанбе, аз ҷумла Исматулло Абдуллозода дар ҷомеа ва шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси тунди фасоди густурда дар Тоҷикиситонро ба вуҷуд овард.
Дар хусуси ин парванда бештар дар ин пайванд мутолиа кунед.
Сарчашма: asiaplus.news

Додгоҳи шаҳри Душанбе дар посухе ба Радиои Озодӣ гуфтааст, «аз ҷониби маҳкумшудаҳо зарари ба давлат расонидашуда пурра барқарор карда шуда, панҷ мансабдори пешини Фурудгоҳи Душанбе ба ҳукми додгоҳ эътироз накарданд».
Ба иттилои ин расона, парвандаи Исматулло Абдуллозода дар Додгоҳи олӣ ҷудо аз парвандаи ин панҷ нафар баррасӣ шуда, ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст ва «баъд аз шунидани музокираҳо санади судӣ қабул карда мешавад».
Мақомдорони пешини Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе моҳи майи соли 2025 ҳамроҳ бо роҳбари худ Исматулло Абдуллозода бо сабаби «ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияташон зимни санҷиши молиявӣ» аз вазифа озод ва боздошт шуда буданд.
Онҳо ба тасарруфи 1 миллиарду 245 миллион сомонӣ маблағи фурудгоҳ тавассути «ширкатҳои якрӯза» гумонбар мешуданд. Танҳо Исматулло Абдуллозода ба тасарруфи 961 млн сомонӣ ё муодили қариб 100 млн доллар гумонбар мешуд. Вале ҳамаи онҳо пас аз чор моҳ, бо пардохти як қисми зарар бо шарти берун нарафтан аз ҷойи зист аз боздоштгоҳ раҳо шуданд.
Парвандаи мансабдорони пешини Фурудгоҳи Душанбе, аз ҷумла Исматулло Абдуллозода дар ҷомеа ва шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси тунди фасоди густурда дар Тоҷикиситонро ба вуҷуд овард.
Дар хусуси ин парванда бештар дар ин пайванд мутолиа кунед.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)