< Нархи бензин ва сӯхти дизелӣ дар Тоҷикистон гарон шудааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Нархи бензин ва сӯхти дизелӣ дар Тоҷикистон гарон шудааст

Нархи бензин ва сӯхти дизелӣ дар Тоҷикистон гарон шудааст
Чанд рӯзи охир нархи бензин ва сӯхти дизелӣ (солярка) дар Тоҷикистон аз 40 дирам то 2 сомониву 30 дирам гарон шудааст.
Аз ҷумла, рӯзи 9-уми июн дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ (НФС)-и шаҳри Душанбе 1 литр бензини навъи серистифодаи АИ-92 11 сомониву 30 дирам нарх дошт. Як ҳафта пеш нархи ин навъи сӯзишворӣ 10 сомониву 90 дирам ва ҳамагӣ се ҳафта пеш 10 сомониву 40 дирам буд.
Ҳамчунин, арзиши сӯхти дизелӣ низ якбора боло рафтааст ва нархи он аз 11 сомонии ҳафтаи гузашта то 13 сомониву 30 дирам гарон шудааст.
Яке аз НФС дар Душанбе Акс аз asia+
Фурӯшандаҳои НФС дар Душанбе гуфтанд, сабаби қимат шудани нархи маводи сӯхтро намедонанд, вале норасоии ин навъи маҳсулот дар нуқтаҳо ба назар намерасад.
Дар ҳамин ҳол, аз Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон сабаби баланд шудани арзиши бензин ва сӯхти дизелиро ба вазъи бозори ҷаҳонӣ рабт доданд. 
                                    "                                          
»Аз сабабе, ки маҳсулоти воридотӣ ҳаст, бевосита аз бозори ҷаҳонӣ вобастагӣ дорад. Бо сабаби низоъҳо дар Ховари Миёна нархи он ҳар лаҳза тағйир ёфта истодааст», — шарҳ доданд аз ин ниҳод ба «Азия-Плюс».
                                         
Кӯшишҳои «Азия-Плюс» барои дарёфти шарҳ аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар дар робита ба омилҳои қимат шудани маводи сӯхт бенатиҷа анҷомид. Аз ин ниҳод ба зангҳои пайдарпайи мо посух надоданд.

Моҳҳои март ва апрели соли ҷорӣ аз сабаби ҷанг дар Ховари Миёна нархи ин сӯзишвориҳо дар кишвар гарон шуда буд.

Тибқи иттилои Оҷонсии омори Тоҷикистон, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба кишвар беш аз 325 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи беш аз 251 миллион доллар ворид шудааст. Яъне, ҳар як тонна сӯзишворӣ барои воридкунандагон 772 доллар арзиш доштааст.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2025, воридоти маҳсулоти нафтӣ дар се моҳи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон аз 11,4% афзоиш ёфта, нархи он 8,6% гарон шудааст.

Русия таъминкунандаи асосии маҳсулоти нафтии Тоҷикистон аст. Соли 2025 аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 1,2 миллион тонна маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ворид шудааст, ки беш аз 70% аз воридоти умумии ин маҳсулотро ташкил медиҳад.


Тоҷикистон инчунин ин сӯзишвориҳоро ба миқдори кам аз Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва дигар кишварҳо ворид мекунад.
Дар Тоҷикистон сари чанд вақт нархи сӯзишворӣ, махсусан гази моеъ ва бензин боло меравад ва мутаносибан нархи роҳкиро ва хидматрасонии дигар низ гарон мешавад. Вале баъди чанд вақт, замоне ки нархи сӯзишворӣ поин мешавад, нархи роҳкиро ва дигар хидматраосниҳо бетағйир боқӣ мемонад.


Сарчашма: ozodi.org​

Комментарии (0)

Оставить комментарий