< Чӣ гуна кӯдакон ба синфи 1-ум қабул карда мешаванд? Вазорати маориф ва илм шарҳ дод » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Чӣ гуна кӯдакон ба синфи 1-ум қабул карда мешаванд? Вазорати маориф ва илм шарҳ дод

Чӣ гуна кӯдакон ба синфи 1-ум қабул карда мешаванд? Вазорати маориф ва илм шарҳ дод
Қабули кӯдакон ба синфи 1-ум дар Тоҷикистон дар соли хониши 2026-2027 аз 1-уми август оғоз мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар доданд.

Барои қабули кӯдак ба синфи 1-ум пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст:

— варақаи шахсии кӯдак;
— ду акси 3×4;
— ариза аз номи волидон;
— шаҳодатнома дар бораи таваллуди кӯдак;
— маълумотномаи тиббӣ;
— маълумотнома аз ҷойи иқомат.
Аз Вазорати маориф гуфтанд, ки муассисаҳои таҳсилоти умумӣ талаб барои қабул ба синфи 1-ум дигар ҳуҷҷатҳоро бодя талаб накунанд. Ба гуфтаи онҳо, қабули кӯдакон ар асоси қарори шӯрои омӯзгорон ва фармони мудири муассисаи таҳсилоти умумӣ анҷом дода мешавад.
Аз вазоратҳ ҳамчунин зикр карданд, ки пеш аз қабули кӯдак ба синфи 1-ум бо ӯ суҳбат гузаронида мешавад. Шакли он вобаста ба мактаб меавонад фарқ дошта бошад: аз суҳбати одӣ ва бозӣ то санҷиши одии дониши заминавӣ.
                                    "                                          
»Маъмулан донишҳои заминавӣ санҷида мешаванд. Яъне кӯдак ба ҷуз, азёд донистани шеърҳо, бояд ҳадди ақалл то 30 ҳисоб карда тавонад, номи фаслҳои сол, сабзавоту мева ва шаклҳо (фигураҳо)-ро донад. Метавонанд ҳамчунин, доир ба аъзои оила саволҳо диҳанд. Дар ҳамин ҳол, на ба ҷавобҳои азёдшуда, балки ба рушди умумии кӯдак ва қобилияти андешаронии ӯ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.»,  — гуфтанд аз вазорат.
                                         
Ҳамзамон, дар ин давра дар доираи барномаи омодакунии кӯдакони 7-сола ба мактаб, ки аз ҷониби ҳайати мушовараи вазорат тасдиқ шудааст, марҳилаи шиносоӣ гузаронида мешавад. Дарсҳо дар чаҳорчӯби ин барнома аз замони пешниҳоди ариза шурӯъ мешаванд.
Қабул ройгон аст
Дар Вазорати маорифва илм таъкид доштанд, ки қабули кӯдакон ба мактаб бепул аст. Ин қоида ҳам ба мактабҳои таълиашон бо забони тоҷикӣ ва ҳам русӣ дахл дорад.

Агар аз волидон барои қабули кӯдак ба мактаб пул талаб кунанд, дар вазорат тавсия медиҳанд, ки расид (квитансия) талаб кунанд ё дар бораи ин ҳолат ба телефони боварии раёсати маориф — 227-76-86 муроҷиат кунанд.

Шашсолаҳоро қабул намекунанд
                                                                   
 Имсол ба синфи 1-ум кӯдаконе қабул карда мешаванд, ки то 31 декари соли 2019 таваллуд шудаанд. Дар Вазорат хотиррасон карданд, ки мисли солҳои пеш кӯдакони синни 6-сола ба мактаб қабул карда намешаванд. Мувофиқи қонун «Дар бораи маориф», ба синфи 1-ум танҳо кӯдаконе қабул карда мешаванд, ки 7-солагиро пур кардаанд.
                                                             
Ҳамин тариқ, агар кӯдак то 31 декабри соли 2019 таваллуд шуда бошад, ӯ ба синфи 1-ум қабул карда мешавад. Агар санаи таваллуд 1 январи соли 2020 ё баъди он бошад, қабули ӯ ба мактаб танҳо дар соли хониши оянда имконпазир аст.

Қаблан зикр гардида буд, ки дар доираи лоиҳаи «Стратегияи миллӣ дар соҳаи маориф то соли 2030» мактабҳои Тоҷикистон ба таълими 12-сола мегузаранд. Гуфта мешуд, дар чаҳорчӯби ин ташаббус кӯдакон аз синни 6-солагӣ ба мактаб қабул карда мешаванд.

Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий