< Панҷ автобуси ройгон ташкил шуд. Вохӯрии дуюми мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор мегардад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Панҷ автобуси ройгон ташкил шуд. Вохӯрии дуюми мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор мегардад

Панҷ автобуси ройгон ташкил шуд. Вохӯрии дуюми мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор мегардад
​Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод, ки барои дӯстдорони футбол, ки мехоҳанд бозии дӯстонаи дуюми дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ҳиндустонро дар варзишгоҳ тамошо кунанд, автобусҳои ройгон аз Душанбе ба Ҳисор ташкил шудааст.

Гуфта мешавад, ки автобусҳо соати 17:30 аз назди таваққуфгоҳи Варзишгоҳи марказии Душанбе ҳаракат карда, соати 22:00 ба Душанбе бармегарданд.

Иттилоъ дода мешавад, ки бозии дуюми тимҳои миллии Тоҷикистону Ҳиндустон соати 20:00 оғоз шуда, нархи билет 20 сомониро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон дар бозии якум, ки 5-уми июн доир гашт, бо ҳисоби 3:1 тими миллии Ҳиндустонро шикаст дода буд.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий