< Дар Тоҷикистон беш аз 110 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Тоҷикистон беш аз 110 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст

Дар Тоҷикистон беш аз 110 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Дар ҷумҳурӣ то 5 июн аз майдони 31 480 гектар 110 ҳазору 99  тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Соли  2026 дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии мамлакат дар майдони 293 ҳазору 702 гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида шудааст. Аз он 195 ҳазору 106 гектар майдони кишти гандум буда, майдони 25 ҳазору 426 гектар даравидашударо ташкил медиҳад. Ҳосили умумӣ 92 ҳазору 712 тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар ба ҳисоби миёна то 40 сентнер мебошад.

Ғалладонагӣ, аз қабили гандум, ҷавсар, лӯбиё, нахӯд, мош, шолӣ ва ҷуворимакка маҳсулоти хӯроки ҳаррӯзаи мардум дониста мешаванд. Аз ин рӯ, вазорат талош дорад, ки кишти чунин зироатро дар мамлакат бештар намояд, то сокинони ҷумҳурӣ бо маҳсулоти аз ҷиҳати табиӣ тоза ва фоидаовар таъмин бошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки вилояти Хатлон байни минтақаҳои мамлакат барои парвариш намудани маҳсулоти ғалладонагӣ, аз қабили гандум созгор мебошад. Инчунин дар ин шабу рӯз ин вилоят дар ҷамъовари ғалла пешсаф мебошад.

Дар баъзе минтақаҳои мамлакат, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷамъоварии ғалладонагиҳо аз моҳи август оғоз меёбад.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий