< “16 манзил пурра сӯхт”. Мақомот сабаби сӯхтор дар Норакро гуфтанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

“16 манзил пурра сӯхт”. Мақомот сабаби сӯхтор дар Норакро гуфтанд

“16 манзил пурра сӯхт”. Мақомот сабаби сӯхтор дар Норакро гуфтанд
​Аз ҳукумати шаҳри Норак сабаби эҳтимолии сӯхтори як бинои дуошёнаи чӯбин дар деҳаи Лангарии шаҳрро расиши барқ гуфтанд. Дар пайи ин оташсӯзӣ 16 манзили зист пурра  сӯхта, 50 сокини он бесарпаноҳ шудаанд.
Сӯхтор ҳудуди соати 15:00–и рӯзи 7-юми июн сар зада то бегоҳии рӯз хомӯш карда шудааст.

Як намояндаи ҳукумати шаҳри Норак имрӯз, 8-уми июн, ба «Азия-Плюс» гуфт, ки дар ин ҳодиса ягон кас осеб надидааст ва сабабу хисороти сӯхторро муайян мекунанд. Манбаъи мо сабаби эҳтимолии сар задани сӯхторро ба барқ рабт дод, вале шарҳи дигаре дар ин маврид надод.
                                    "                                          
»Сӯхтор то бегоҳӣ хомӯш карда шуд, вале бино аз ҳисобе, ки тахтагӣ буд ва аз солҳои пеш боқӣ монда буд, пурра ба коми оташ рафт. Дар 16 манзили ин бино 14 оила ва дар умум, 50 кас зиндагӣ мекарданд. Сокинони зарардида муваққатан  дар хонаи ҳамсояҳояшон маскун шудаанд. Кормандони оташнишонӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, санҷиш идома дорад»,-гуфт манбаъ.

            Навори ин воқеа дирӯз ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта, вокуниши корбаронро ба бор оварда буд.

Бояд гуфт, ки оташ гирифтани биноҳои баландошёна ва бозору коргоҳҳо дар Тоҷикистон бахусус дар шаҳрҳои калони зиёд иттифоқ меафтад.

Аз ҷумла рӯзи 3-юми июн дар як бинои 10-ошёна дар шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ сӯхтор рух дода, ба манзили як сокини он 36,5 ҳазор сомонӣ зарар расонд. Масъулин сабаби сар задани сӯхторро ба фаромӯш кардани деги пур аз хӯрок дар рӯйи тафдон (плита)-и барқӣ рабт доданд.


Сарчашма: asiaplus.news​

Комментарии (0)

Оставить комментарий