«Амонатбонк» ҳамкориро бо Бонки кишоварзии Чин тақвият медиҳад
АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад, ки дар ин замина дар шаҳри Душанбе мулоқоти дуҷонибаи раиси Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода бо раиси Шурои директорони Бонки кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин Гу Шу баргузор гардид.
Раиси «Амонатбонк» ба ҳайати Бонки кишоварзии Чин аз дастовардҳои молиявӣ дар соли 2025 ва ҳадафҳои минбаъдаи бонк рӯнамоӣ манзур намуд.
Дар мулоқот раиси «Амонатбонк» барои оғоз намудани ҳамкории муштарак пешниҳод намуд, ки «Амонатбонк» омодааст дар қадами аввал бо Бонки кишоварзии Чин дар самтҳои ҷалби сармояи мустақим, иштирок дар амалиётҳои асъорӣ, табодули таҷрибаи мутахассисон, кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ ва маблағгузории савдо ҳамкориро ба роҳ монад.
Инчунин раиси Шурои директорони Бонки кишоварзии Чин низ таъкид намуд, ки бонк омодааст бо «Амонатбонк» дар самтҳои иштирок дар бозори қоғазҳои қиматнок, ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ, аккредитиви ҳуҷҷатӣ ва пешниҳоди кафолати бонкӣ ҳамкориро оғоз намояд.
Ҳамзамон Гу Шу ба фаъолияти молиявии «Амонатбонк» дар соли 2025 ва нақшаҳои минбаъдаи «Амонатбонк» барои солҳои минбаъда баҳои баланд дода, иброз намуд, ки омодаанд дар дилхоҳ самтҳое, ки ба рушди иқтисоди миллии Тоҷикистон ва Чин манфиатовар аст, бо «Амонатбонк» ҳамкории судмандро густариш диҳанд.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)