< Ҷуфтҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 маълум шуданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҷуфтҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 маълум шуданд

Ҷуфтҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 маълум шуданд
Маросими қуръакашии даври асосии мусобиқоти Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 баргузор шуд. Аз рӯи натиҷаҳои он 16 даста аз ҳарифони худ дар даври 1/8 ниҳоии мусобиқа, ки дар он ба рақобат тимҳои лигаи олӣ ҳамроҳ мешаванд, огоҳ шуданд.

Дар мусобиқот, 12 дастаи лигаи олӣ ва 4 намояндаи лигаи якум, ки марҳилаҳои интихобиро гузаштанд, иштирок мекунанд. Маҳз аз ҳамин марҳила, мусобиқа шакли марҳалаи ҳазфӣ (плей-офф)-ро мегирад, яъне дастаи мағлубшуда аз рӯи натиҷаҳои ду вохӯрӣ аз ҳаққи идомаи мусобиқа маҳрум мешавад.

Маросими қуръакашӣ. Акс аз ФФТТибқи натиҷаҳои қуръакашӣ ҷуфтҳои зерини давраи 1/8 ниҳоии мусобиқаи Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 маълум шуданд: 
«Регар-ТадАЗ» — «Эсхата»; 
«КМВА» (ЦСКА) — «Панҷшер», 
«Сардор» — «Рахш», 
«Истаравшан» — «Барқчӣ», 
«Равшан» — «Ҳосилот», 
«Парвоз» — Ғолиби бозии ҷуфти «Душанбе"/"Сомон«, 
»Вахш« — „Моҳир“, 
»Хуҷанд« — „Истиқлол“.
Бодя гуфт, ки дар мусобиқаи имсола аз даври 1/8 ниҳоӣ баргузории ду бозии дастаҳо — дар хона ва дар меҳмонӣ пешбинӣ шудааст. Бозиҳои аввал, рӯзҳои 27-29-уми май муқаррар шудааст. Бозии финалии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 дар варзишгоҳи „Вахш“ дар Бохтар доир мегардад.
Акс аз ФФТ                                                                    

Мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон аз соли 1992 доир гардида, яке аз мусобиқаҳои асосии кишвар маҳсуб меёбад. Дар он дастаҳои лигаи олӣ ва якуми кишвар иштирок мекунанд. Дастаи „Истиқлол"-и пойтахт аз ҳама бештар — 10 маротиба ба дарёфти Ҷоми футболи кишвар ноил гардидааст.                                                              

 Ҳоло тими «Регар-ТадАЗ» аз шаҳри Турсунзода соҳиби Ҷоми футболи Тоҷикистон аст. Дар бозии финалии соли гузашта футболбозони шаҳри Турсунзода дастаи «Эсхата» аз Хуҷандро бо ҳисоби калони 5:0 мағлуб карда буданд.


Сарчашма: 

Комментарии (0)

Оставить комментарий