< Байни кормандони Бонки миллии Тоҷикистон мусобиқа оид ба футболи хурд идома дорад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Байни кормандони Бонки миллии Тоҷикистон мусобиқа оид ба футболи хурд идома дорад

Байни кормандони Бонки миллии Тоҷикистон мусобиқа оид ба футболи хурд идома дорад
​Мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд дар маҷмааи академияи «Ювентус» аз 14 май то 8 июни соли 2026 идома меёбад.

Рушди соҳаи варзиш, хусусан оммавӣ намудани бозии футбол ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҳадафи асосии мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд мебошад. Дар солҳои истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон бозии футбол дар байни ҷавонон маҳбубияти бештар пайдо намуда, сафи ҳаводоронаш афзуд.

Ёдовар мешавем, ки бо пешниҳоди Президенти Ассосиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 7 майи соли 2024 қатънома қабул кард, ки тибқи он 25 май Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардидааст.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий