< Нақлиёти барқӣ бо қарз. Кадом бонк барои хариди он қарз медиҳад ва фоизаш чанд аст? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Нақлиёти барқӣ бо қарз. Кадом бонк барои хариди он қарз медиҳад ва фоизаш чанд аст?

Нақлиёти барқӣ бо қарз. Кадом бонк барои хариди он қарз медиҳад ва фоизаш чанд аст?
​"Азия-Плюс« пешниҳоди қарзии бонкҳои кишварро барои хариди нақлиёти барқиро ҷамъ овард. Ин имкони хуби гузаштан ба нақлиёти „сабз“ бе хавфҳои молиявӣ аст. 

Маълум шуд, ки қарзи хос бо фоизи паст барои хариди худравҳои барқӣ (электромобил) танҳо аз ҷониби бархе аз бонкҳову ташкилотҳои қарзӣ, аз ҷумла „Алиф Бонк“, „Бонки Эсхата“, „Спитамен Бонк“, ICB ва Фонди қарзии хурди „Микроинвест“ пешниҳод мешавад. Дигар бонкҳо танҳо қарз барои хариди автомобил пешниҳод мекунанд.
 
»Алиф Бонк""Алиф Бонк« барои хариди нақлиёти барқӣ, бо 15% солона бо доллар ва бо 23% солона бо сомонӣ қарз пешниҳод мекунад. Ду сол қабл меъёри фоизи қарзии бонк барои хариди автомобил 28% солона буд.Ҳадди ниҳоии маблағи қарз то 1 миллион сомонӣ ва муҳлати пардохт то 5 сол аст. Барои гирифтани қарз бояд пешпардохт ба маблағи 20% аз нархи автомобил супорида шавад. 
Барои гирифтани қарз метавонед ба бонк муроҷиат кунед ё дар сомонаи он дархост гузоред.




Бонки „Эсхата"Бонки «Эсхата» барои хариди нақлиёти барқӣ бо 22% солона ва барои хариди автомобил бо сӯзишворӣ бо 24% солона қарз пешниҳод мекунад. 

Қарзи бонк барои то 5 сол пешбинӣ шуда, то 300 ҳазор сомонӣ аст. Барои гирифтани қарз пешпардохт шарт нест. Ба ҳайси гарав мошини харидашуда қабул мешавад.

Барои гирифтани қарз метавонед ба бонк муроҷиат кунед ё дар сомонаи он дархост гузоред.

«Спитамен Бонк""Қарзи сабз"-и «Спитамен Бонк» барои харидории мошинҳои барқӣ ва рушди соҳибкории экологӣ пешниҳоди ҷолиб аст. Меъёри фоизи қарзӣ аз 21% солона бо сомонӣ ва 14% бо доллар оғоз шуда, ҳаҷми ниҳоии он то 300 000 сомонӣ ва муҳлат то 48 моҳ аст.
Барои гирифтани қарз метавонед ба бонк муроҷиат кунед ё дар сомонаи он дархост гузоред.



Фонди қарзии хурди «Микроинвест""Микроинвест« аз 1 000 то 250 000 сомонӣ ба муҳлати то 48 моҳ қарз пешниҳод мекунад. 

Барои муштариёни нав, меъёри фоизи қарзӣ аз 21% солона ва барои муштариёни доимӣ аз 20% солона оғоз мегардад. Се моҳи аввал давраи имтиёзнок буда, дар ин муҳлат фоиз ҳисоб карда намешавад.Ҳамчун гарав замонат, нақлиёт ё амволи ғайриманқул қабул мешавад.
Барои гирифтани қарз метавонед ба бонк муроҷиат кунед ё дар сомонаи он дархост гузоред.
 
»Амонатбонк""Амонатбонк« махсус барои хариди нақлиёти барқӣ қарз ба маблағи то 1 млн сомонӣ бо муҳлати то 60 моҳ ва меъёри фоизи қарзӣ аз 21% бо сомонӣ ва аз 11% бо доллар пешниҳод мекунад. 

Барои муштариён аз ВМКБ бошад, имтиёз аз 20% солона бо сомонӣ амал мекунад. 

Барои гирифтани қарз метавонед ба бонк муроҷиат кунед ё  дар сомонаи он дархост гузоред
»Актив Бонк""Актив Бонк« автоқарз бо 13% солона бо доллар бо пешпардохти 20% аз нархи автомобил пешниҳод мекунад. Меъёри фоиз бе пешпардохт 18%-ро ташкил медиҳад.

Ҳадди ниҳоии маблағи қарз то 20 000 доллар ва муҳлати пардохт то 48 моҳ аст. Ду сол қабл, ҳадди ниҳоии маблағи қарзи ин бонк то 25 000 доллар буд.

Қарз бо сомонӣ низ пешниҳод мешавад :
— Бо пешпардохт — 20% солона;
— Бе пешпардохт — 25% солона.
Барои гирифтани қарз метавонед ба бонк муроҷиат кунед ё дар сомонаи он дархост гузоред.



»Dushanbe City Bank"Ин бонк қарз ба маблағи то 500 000 сомонӣ бо муҳлати то 3 сол пешниҳод мекунад. Меъёри фоизи қарз аз 22% солона бо сомонӣ ва аз 14% бо доллар оғоз мешавад.Барои гирифтани қарз метавонед ба бонк муроҷиат кунед ё дар сомонаи он дархост гузоред.

Бояд гуфт, соли гузашта бонк бо муҳлати то 5 сол ва бо меъёри фоизи 20% бо сомонӣ қарз пешниҳод мекард.
«Коммерсбонк Тоҷикистон"Меъёри фоизи қарзӣ барои хариди мошин дар «Коммерсбонк Тоҷикистон» аз 13% то 15% солона бо доллар ва аз 20% то 25% бо сомониро ташкил медиҳад. 

Ҳадди ниҳоии маблағи қарз то 200 000 сомонӣ ва муҳлати пардохт то 36 моҳ аст.

Барои гирифтани қарз метавонед ба бонк муроҷиат кунед ё дар сомонаи он дархост гузоред.

Бояд гуфт, ки се сол қабл меъёри фоизи қарзӣ дар бонкҳои гуногун бо сомонӣ аз 13% то 28% солона ва бо доллар аз 7,4% то 20%-ро ташкил медод. Имрӯз ҳадди ақалли меъёри фоиз аз 20% бо сомонӣ ва аз 11% бо доллар аст.


Сарчашма: asiaplus.news​

Комментарии (0)

Оставить комментарий