Игор Ангеловски сармураббии нави тими миллии футболи Тоҷикистон таъйин шуд
Ангеловски пештар дастаи мунтахаби Мақдунияи Шимолиро роҳбарӣ карда, ин тимро дар соли 2020 бори аввал ба мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо баровардааст: дастаи ӯ ҳамаи 3 бозиро бо таносуби тӯбҳои 2:8 бохт.
Дар сатҳи дастаӣ, ин мураббӣ ҳамроҳ бо «Работнички» дар мавсими 2013/14 қаҳрамони Мақдунияи Шимолӣ шуда, ду маротиба Ҷоми ин кишварро (2013/14 ва 2014/15) ба даст овардааст. Ӯ ҳамчунин, дар дастаҳои «Горитса"-и Крувосӣ (Хорватия), «Каспий"-и Қазоқистон ва «Этникос Ахнас"-и Қибрис (Кипр) кор кардааст.

Ҳарчанд тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Горан Стеванович, сармуррабии пешин, ба даври финалии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт, вале муҳлати қарордод бо ӯ дигар тамдид нашуд. Қарордод бо мутахассиси Сербистон маҳз то охири марҳилаи интихобӣ пешбинӣ шуда буд.
Федератсияи футбол сабаби тарки даста кардани Стевановичро анҷоми муҳлати шартномаи ӯ гуфт. Худи мураббӣ гуфт, ки бо Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи тамдиди шартнома ба мувофиқа нарасидааст. Тибқи иттилои тасдиқнашуда, маоши моҳонаи Стеванович ҳудуди 20 ҳазор доллар буд.
Таҳти роҳбарии ӯ даста чор бозӣ анҷом дод, ки дар се бозӣ пирӯз шуда, як бозиро мусовӣ анҷом дод. Бо ин натиҷа даста соли оянда ба Ҷоми Осиё -2027 меравад.
Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)