Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи махсуси президенти ИМА
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ, инчунин равобит дар бахши амниятиро баррасӣ намуданд.
«Ҷонибҳо оид ба вазъияти минтақа табодули назар намуда, аҳамияти мусоидат ба таъмини субот ва пешгирии хатарҳои гуманитариро зикр карданд. Ҳамзамон, зарурати ҳамоҳангсозии талошҳо дар мубориза бо таҳдидҳо ва чолишҳои муосир, аз ҷумла терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид карда шуд», — омадааст дар иттилоияи вазорат.
Гуфта мешавад, ки дар вохӯрии мазкур аҳамияти қолаби минтақавии «С5+1» ҳамчун абзори муассир барои муколама ва таҳкими ҳамкорӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА барассӣ шуд.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)