< Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад

Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
​Гуфта шуд, ки ҳадафи асосии «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» беҳтар намудани вазъи экологӣ ва таъмини рушди устувори муҳити зист мебошад. Ин санад ба афзоиши майдони сабзазорҳо, барқарорсозии ҷангалзорҳо ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ равона шудааст. Аз ҷумла ҳадафҳои муҳим — ҳифзи гуногунии биологӣ, пешгирии равандҳои биёбоншавӣ, коҳиш додани таназзули хок ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мебошанд.

«Ҳамзамон татбиқи Барнома, ба беҳтар шудани сифати ҳаво, баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи табиат барои наслҳои оянда мусоидат хоҳад кард», — илова намуд Баҳодур Шерализода.


Сарчашма: ozodi.org​

Комментарии (0)

Оставить комментарий