Хушдоманро барои "ба худкушӣ расонидани арӯс" дастгир карданд
Вазорати умури дохилӣ рӯзи 23-уми апрел бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ба сабаби ҷабру зулми пайвастаи ин зан, келини 21-солаи онҳо рӯзи 2-уми апрел худро ба рӯдхонаи Зарафшон андохта, худкушӣ кардааст. Дар баёния омадааст, «гумонбаршаванда аз моҳи декабри соли 2023 то инҷониб нисбати келинаш ҷавонзани 21-сола сокини ноҳияи Айнӣ муомилаи бераҳмона ва мунтазами шаъну эътиборашро паст задааст, ки аз ҷабру зулми хушдоманаш ҷабрдида 2-юми апрели соли 2025, дар деҳаи Зосуни ноҳияи Айнӣ худро ба дарёи „Зарафшон“ андохтааст.»
Исми зани гумонбар ваё мавқеи ӯ ба ин ҷиноят нашр намешавад ва маълум нест, то куҷо ӯ воқеан ҳам худро гунаҳгор ҳисоб мекунад.
ВКД мегӯяд, ба зидди ин зан бо иттиҳоми «расондан ба худкушӣ» парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд ва дар сурати исбот шудани гуноҳ мумкин аст, ӯро аз 3 то ба 8 соли зиндон маҳкум кунанд.
Ба иттилои Камитаи занон ва оилаи Тоҷикистон, соли 2025 беш аз дусад зан дар Тоҷикистон қасд ба ҷони худ карда, бархе аз ҳаёт маҳрум ва чанде аз сӯйи наздикон наҷот дода шудаанд. Мақомоти ин ниҳод ин оморро ташвишовар ва ҳамзамон ҳосили хушунат ё зургӯйӣ дар оилаҳо меноманд.
Як таҳқиқи тозаи парвандаҳои худкушӣ мегӯяд, тақрибан 25 дарсади худкушиҳо бо айби занон рух медиҳанд. Онҳо бо муносибати бераҳмона ва мунтазам паст задани шаъну эътибори инсон, сабаби қасди ҷони худ кардани касе, масалан, келини хонавода мешудаанд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳукумати Тоҷикистонро пайваста танқид мекунанд, ки барои ҷилавгирӣ аз зӯроварӣ ба занону духтарон талоши кофӣ ба харҷ намедиҳанд.
Сарчашма: ozodi.org

Комментарии (0)