< 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳраки Ҳисор бо маблағи зиёда аз 15 миллион сомонӣ кӯдакистон бунёд мегардад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳраки Ҳисор бо маблағи зиёда аз 15 миллион сомонӣ кӯдакистон бунёд мегардад

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳраки Ҳисор бо маблағи зиёда аз 15 миллион сомонӣ кӯдакистон бунёд мегардад
​Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода зимни шиносоӣ бо  ҷараёни сохтмони кӯдакистон, ки дар доираи Лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» бунёд мегардад, бо коргарон барои вусъат додани корҳо ва бо сифати баланд анҷом додани сохтмон суҳбат кард.

Ҳамчунин  раиси шаҳр бо ҷараёни корҳои таъмиру тармим дар муассисаи томактабии № 7 бо номи  «Садбарг» шинос шуда, коргаронро даъват намуд, ки таъмири кӯдакистонро бо сифати баланд ба анҷом расонанд.

Ин кӯдакистонҳо дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий