< Боз як пардохти нав. Дар Тоҷикистон барои воридоти сӯзишворӣ пардохти экологӣ ситонида мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Боз як пардохти нав. Дар Тоҷикистон барои воридоти сӯзишворӣ пардохти экологӣ ситонида мешавад

Боз як пардохти нав. Дар Тоҷикистон барои воридоти сӯзишворӣ пардохти экологӣ ситонида мешавад
​Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи кишвар зимни муаррифии лоиҳа дар ҳузури вакилони гуфт, ки пардохтҳои экологӣ барои воридоти cўзишвории маъданӣ, нафт ва маҳсулоти коркарди онҳо, ҷинсҳои битумӣ ва мумҳои маъданӣ пешбинӣ шудааст.

«Пардохти экологӣ барои истифодаи сӯзишворӣ аз ҳар як намуди воситаи нақлиёт, новобаста аз тамға, қувваи муҳаррик ва ҳаҷми партови он ба муҳити зист, ситонида мешавад», — гуфтааст ӯ.
Аммо ба қавли ӯ, барои сода кардани раванди ҷамъоварии ин пардохт, пешниҳод шудааст, ки он «аз ҷониби воридкунандагони молу маводи номбаршуда бевосита ҳангоми воридоти сўзишворӣ ба қаламрави Тоҷикистон» ситонида шавад.
Ҳамин тариқ, маълум нест, ки раванди ҷамъоварии маблағ чӣ гуна сурат мегирад.

Қаҳҳорзода ҳадафи ин тағйиротро «такмили низоми пардохтҳои экологӣ ва дастгирии ихтироъкорон» унвон дода, гуфтааст, таҷрибаи давлатҳои ҳамсоя ва шарикони рушд ба назар гирифта шудааст.

Аммо меъёри пардохт маълум нест ва ба қавли вазир, он аз ҷониби ҳукумати кишвар муқаррар карда мешавад. Маблағи пардохти экологӣ аз воридкунандагон ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.

Пардохти экологӣ маблағест, ки шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ барои таъсири манфӣ ба муҳити зист ба буҷет ё фондҳои махсус пардохт мекунанд. Ин пардохт ҳамчун ҷуброн барои ифлос кардани муҳити зист ё истифодаи захираҳои табиӣ пешбинӣ шудааст.


Бояд гуфт, дар Тоҷикистон барои ворид кардани сӯзишвории маъданӣ, нафт ва маҳсулоти коркарди онҳо аксиз ситонида мешавад. Соле пеш меъёри андози аксиз барои ин маҳсулот 70 евро барои як тонна муайян карда шуд. Пештар ин меъёр 55 евро буд.

Сарчашма: asiaplus.news​

Комментарии (0)

Оставить комментарий