< «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
​АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Иқдоми ҷумҳуриявии тарғиботӣ-ташвиқотии «Тоҷикона мепӯшем!» аз 1 март то 31 майи соли 2026 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллӣ ва вазорату идораҳо ба роҳ монда шудааст. Ин иқдом аз тамаддунофарию фарҳанги бой доштани миллати тоҷик дарак медиҳад.

Муаррифии либоси миллӣ, нигоҳдошту гиромидошти он, риояи тарзи дурусти либоспӯшӣ, тарғиби либосҳои миллии тоҷикона дар байни занону духтарони тоҷик ва ҷалб намудани тарроҳону чеварон

ба муосиргардонии либоси миллӣ аз ҳадафҳои асосии Иқдоми ҷумҳуриявии тарғиботию ташвиқотии «Тоҷикона мепӯшем!»  арзёбӣ мегардад. Зеро либоспӯшии тоҷикон, ки таърихи қадимӣ дорад, ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ маҳсуб шуда, бозгӯйи завқи зебоипарастии мардуми тоҷик аст.

Тавре Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳо таъкид намуданд,  «моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳарчи зудтар
хотима бахшида, сару либосҳои миллии бонувонро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар байни занону духтарон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем».

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий