Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидорӣ намудани либосҳои мактабӣ аз 8 апрел бо мақсади пурра бо маҳсулоти ватанӣ таъмин намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ фаъолият менамояд.
Бояд гуфт, ки корхонаю коргоҳҳои дӯзандагии мамлакат дӯхти либоси мактабиро дар асоси талаботи «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ», ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ таҳия шудааст, ба роҳ мондаанд. Дастурамали мазкур соли 2007 ба тасвиб расида, ба тамоми корхонаҳои истеҳсолӣ пешниҳод гардидааст. Инчунин аз моҳи январи соли 2018 инҷониб Стандарти давлатии «Либоси мактабӣ» қабул гардида, корхонаҳои соҳа бо риояи талаботи ин стандарт либосҳои мактабӣ истеҳсол менамоянд.
Ба иттилои масъулони ситоди корӣ, бо мақсади шинос намудани масъулини корхонаҳои дӯзандагии шаҳри Душанбе бо талаботи стандарти мазкур корҳои фаҳмондадиҳӣ ва вохӯрию омӯзишҳо гузаронида мешаванд.
Хариди либосҳои ягонаи мактабӣ аз корхонаҳои саноатии ҳудуди шаҳри Душанбе барои рушди саноати пойтахт, таъсиси ҷойи нави кор ва ба ин васила беҳтар гардидани шароити кору зиндагии мутахассисони корхонаҳои мазкур заминаи мусоид фароҳам меорад.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)